Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Ҷиян, ту мӯсафедони бодгарро ба ин кор ҳамроҳ накун.
«Худам кардам» гӯй; ба ҳоли бодгарҳойи берӯзӣ дилам сӯхт, худам кардам гӯю мон. Нони хӯрдан надорам, ҳамин хел кардам гӯйӣ ҳам майлат... Одам турма шудан катӣ даррав намемурад... Худат медонӣ, ки Кенҷа ду сол шишта як халта пул бардошта омад. Розӣ шав. Гуноҳро ба гардан гир. Шояд ту ҳам...»
Тағо як сатил оби хунукро аз сарам рехт. Дасту дил шустам аз олам, аз тағо, аз зиндагӣ. Худо гӯед, ки кас сода ва сафеддил нашавад. Раҳмдил ҳам; дили раҳмӣ – ҳамеша ғамӣ.
Сонӣ тоқат накарда росташро гуфтам:
«Тағо фармуд. Аз калли Ҳумро панҷоҳ кило ангур овардам. Ҳашт бодгар ва тағову ҷиян дар як фас ҳамин ангурро хӯрданд. Калли Ҳумро сари хирман омада пул талаб кард. Як халта гандум бардошта, бо маслиҳати мӯсафедон дар посгоҳ гузоштам. Соъати ронанда омада дид. Рафта комиссия овард.
Чунки чанд бор дар мошинаш гандум баровардани ӯро дошта, гардонда будам. Нав фаҳмидам, ки «қасос дар қиёмат намонад» гуфта будааст...»
Пай бурдам, ки дар пӯстини тағо кайк даромааст. Парво накардам.
Рӯзе Саримсоқ бо сечархааш ба Сарой даромада, гирди хирману хариҳоро давр гашт. Бодгаронро «Монда набошед!»
гуфт ва омада назди ман оташи сечархаашро хомӯш кард:
«Ҳа Ёрмаҳмад! Читу?»
«Нағз.»
«Ман ба ҷойи тағот...»
«Не. Ман ҷойи тағоя ба касе намедиҳам».
«Ту аввал гапа гӯш кун!»
«Медонам чӣ мегӯед.»
«Чӣ мегӯям?»
«Аз гапи тағо набаро...»
«Не. Ман худам ҳама корро тахт мекунам, лекин ин кор овозаву дарвоза нашавад...»
То ҳанӯз фикр мекунаму хаёл, ба ҳалли ин масъала ақлам намедавад...
24.07.07. Амондара.

пешина
аз 344
навбатӣ