Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз тарафи чап ҳам чӯбчаҳо айнан чида, пойтобаро печ доданӣ шуд, натавонист. Зеро даст дар доштани чӯбчаҳо банд буд. «Танҳойӣ кори нохуб будааст. Дасти дигаре мебуд...» Пойи чап кор фармуданӣ шуд. Чоруқ намегузошт, то ангуштони пой чунин амалро иҷро кунанд. Нашуд. Пой вазифайи дастро ба ҷо наовард. Лекин пойтобаро сабук пахш карда дошта тавонист. Дудаста ду гӯшайи фӯтайи зери пойтоба андохтаро гирифта, пушти пошна гузаронида, навъе баст; сустак. Зеро ҳарчанд миён хам карда, сина то сари зону меовард, аз дарду тарс ё нотавонӣ фӯта таранг намешуд. «Ба ҳаминаш ҳам шукр».
Гӯйӣ кори муҳимеро ба ҷо овард. Шукр гуфту нафаси сабук кашид. Дам гирифтанӣ шуда тахтапушт ба санги пушт такя гузошт ва пай бурд, ки ҳама ҷояш тар аст. Чӣ андоза арақ карда тар шуданашро пай набурдааст. Аз он баландӣ ба паҳнойи водийи Зарафшон нигарист. Ҳар қадар дар баландӣ қарор гирифта бошад ҳам шахи Ҳисору шахи Гаҳвора намегузошт даштро бинад. Аз миёни ин шахҳо роҳи гузар бошад ҳам роҳи назар нест. Чунон сохта шудааст ин дунё бо дасти Усто Карим, ки ҷойи айбу эрод надорад. Лаҳзае осуда гашт.
Аммо пой ба луқ-луқ даромад. Набзе бо дард зарабон дорад.
Пойи чап оҳиста-оҳиста ба зер кашид. Сари зонуйи чап тан бардошт. Фӯтаро тарангтар кашида, печи дигар зад ва сахт кашида аз поёнтар баст: «Ғеҷида нафарояд, ки...» Давоми фикраш дар сар монд. Дил гум зад аз дард ва боз такя бар санг дод.
Сихи офтоби тамуз ба чашм мехалид. Ақики сари мижгон
1 рангинкамон гашта буд ё сари ҳар тири мижгон яхаке марҷон баста буд. Сӯйи Осмони бетаг нигарист. Худ аз худ чашмонаш раҳ дида ба як нуқта дурудароз часпид; андешааш низ сокит монд. Сонӣ андак-андак кушода шуда он чӣ дар борайи Худованду офариниш ва Осмону Замин содалавҳона аз шунида медонист, хомӯшона аз зеҳн гузаронд ва дарёфт, ки ҳаққи фарёд, ситеза ва иддаъо надорад: «Дар тақдир будааст...
чӣ носипосие гузашта будааст... Кори худаш... Беэҳтиётӣ аз

Мӯҳраҳойи хурди ранга.

пешина
аз 344
навбатӣ