Зеҳн
МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

худам гузашт... Мо ҳамин хел: аз ӯҳдайи кор намебаройему гила аз қазову қадар мекунем...»
Ба гӯшаш садое омад: ё наъли хар ба санг бархӯрд ё сайде мегузарад: «Беҳ-ҳеҳ!» оҳиста садо баровард ӯ. Зеро овози баланд ба пойи шикаста зӯр меовард: «Куҷойӣ, Буча? Бе-беҳ!»
Ин гӯйӣ машқу тамрин буд, ки пояш озор медиҳад ё на? «Беҳбеҳ! Буча беҳ!»
Садойи фиркида, бинӣ афшондани хар баромад. Сонӣ гоҳи номаш гирифтан – «Буча беҳ!» Ҳум-ҳум кард даҳон накушода; омода ба ҳанг буд. «Шояд гоҳи йем шавад, фуромада ояд?»
Ва омад: пайроҳаро гирдгардон, сангу шағалро наъл зада ва суми пас харошу кашол омад рӯ ба рӯйи соҳиб ва баробари «Ишшш!!!» гуфтани ӯ таққӣ истод.
«Истодӣ-куя, ман чӣ хел мехезам? Ақлу фаросат надошта бошӣ, ки омада маро бардорӣ... Дарзайи беда ё як тоқӣ ҷав ҳам нест, ки нишонат диҳам, биёйӣ.»
Нони гоҳи фӯтаро кушодан аз дарунаш гирифта паҳлӯ гузоштаро ба даст гирифта сӯяш намуд ва пеш хонд: «Беҳ-беҳ!
Биё! Ана йем!»
Бучайи нӯки гӯши чапаш қатгашта сӯйи соҳиб нигариста нони дасташро дид ва оби даҳан шоронда ҳиқ-ҳиқ кард.
«Беҳ-беҳ! Маҳ-маҳ! Биё! Зери бор мондӣ. Бори ҳардумон гарон! Беҳ-беҳ! Ҷонвари безабон, биё охир!»
Харона бинӣ афшонд. Шояд аз ҷафойи пашшаву кӯрпашша бошад, ки рӯзона пашшаву хармагас амон намедиҳаду шабона кӯрпашша. Баъзан кас ба хаёл меравад, ки чунин ҷонварон баройи он офарида шудаанд, кас ё ҷондорони дигар роҳату фароғат карда натавонанд; ҳама умр бояд чизе ононро халалгор бошад.
Чунин андешаҳо воҳимаангез буданд. Гӯйӣ кори номумкинро ӯ сомон мекунад. Бар зидди кадоме андешаронӣ мекунад, ки имкон надорад. Раъша давид дар андомаш. Ларзид.
Пояш ба дард омад. Боз зӯри хаёл, ки ду линг ҳезуми чолбурсро дар замин тахт карда, бардошта пушти полон андохт. Ҳоло аз он кори ба сомон расида пояш сахт ба дард омад. Зеро ҳолиё вазни хешро бардошта ба по рост шуда наметавонист.
Аз он зӯру хаёл бори дигар зери обу арақ монд. «Ба гузашта салавот!

пешина
аз 344
навбатӣ