МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Илоҷи корро бояд дид... Уҳ! Сабил мон!» дудаста банди пойи шикаста дошт, ки гусаста, меафтида бошад. «Зор мон!... Беҳ-беҳ! Маҳ-маҳ... Гушна намондӣ?»
Хар, ки то ҳол якрӯя истода ҷониби рудбор ташналаб менигарист, аз марҳамати соҳиб пешонӣ ба ӯ гардонд.
Хӯрданийи дасти соҳибро пай бурд, ки ҳиқ-ҳиқ кард ва пойи рост он ҷониб тофт. Ду линг ҳезум бар пушт нимрӯ гашт ва андаке дуртар бо соҳиб рӯ ба рӯ омад. Гӯш чур медошт.
«Пеш биё, ҷонвари безабон, вагарна мурдайи ҳар дуямонро лошахӯрон саришта мекунанд... Сӯйи Осмон нигар! Аллакай каргасрез шуд. Онҳо хоб диданд ё бӯй гирифтанд, ки дар ин зови бекас одаму хар мурдааст. Биё! Дигар ба сарат халачӯб намезанам, ки ҷувозак гардӣ! Лошахӯрон ҷувозак гарданд дар фазо! Баройи ин ту бояд пеш ойӣ. Ман такя бар ту карда, аз гӯшат ё аз думат ё аз линги ҳезум дошта ба як по рост шавам».
Хар гӯш андохт.
«Ба номи Худо намезанам! Одамӣ сари ҷаҳл ҳар кор мекунад, лекин ман дигар ин корро намекунам... Қасам мехӯрам.
Чунки халачӯб дар он боло монд... Табару ресмони рӯкаш ҳам; ҷома ҳам. Биё ақаллан ба ҳам расем!»
Хар ҳиқ-ҳиқ кард. Оби даҳон ё оби дидааш рехт, ки соҳиб шориданашро дид. Низ дилаш ганда шуд. Хориаш омад.
Ҳарчанд лаб газида худдорӣ кардан хост, чашмонаш ҳавзи об гашта, харро надид. Шараққоси сангҳо ва сафири хазон омад.
Ашк густурду дид, ки хару ҳезум меғелад. Ба дарахти бодомча дакка хӯрда, андармон шудани ҳезумро ва бо зӯрӣ гузар карда ба варта рафтани онро надид.
Ӯ бо таҳлука ҷаста ба хар ёрмандӣ карданӣ шуд, натавонист. Ҳамчунон ки пояш дубора шикаст. Аммо иродаву матонати Ҳамроҳи Қодир барҷо буд. Медонист, ки ба чунин сурат то назди хар расидан лоимкон аст. Зеро пойи кашола сарборийи умраш шуд; чигасу асо надошт, то вазни онро бардорад ва ӯро якпоя «якалинг» то манзил барад. Валек коре кард, ки шахси варзида тавонад кардан: ду даст аз паҳлуҳо пушт ниҳод ба замин; пойи чап қат кард; вазни тан бардошт. Пойи шикаста базӯр аз замин боло шуд. Гоҳи ҳаракат ба сангу буттаҳо расида халалгор мешуд. Бо вуҷуди он нонхӯраки рӯболо афтида барин дасту по мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё