Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин фарқҳое, ки Соссюр дар байни забону нутқ мебинад, дар ҳақиқат ҷой доранд, вале танҳо дар асоси ҳамин онҳоро ду чизи тамоман гуногун шуморидан мумкин нест, чунки ин ду аспекти фаъолияти нутқкунӣ дар ягонагии диалектӣ вуҷуд доранд. Забон кулл бошад, нутқ ҷузъ аст.
Забонро абстраксия ё ки «системаи соф муносибатҳои лингвистӣ» шуморидани Соссюр низ ғалат аст.
10. Ба фикри Ф. Соссюр, одамон ба забон таъсири зӯр расонида наметавонистаанд, ҳол он ки Марксу Энгелс қайд карда буданд, ки вақте мешавад, ки одамон назоратро ба забон ба дасти худ мегиранд. Ин пешгӯии онҳо ҳоло ҷомаи амал пӯшидааст, зеро дар айни ҳол забон дар зери назорати соҳибонаш мебошад. Онҳо онро аз ифлосшавӣ, аз меъёр баромадан нигоҳ медоранд.
Ф. де Соссюр асосгузори ду мактаб – мактаби лингвистии Женева ва Париж буд. Дар Женева кори ӯро шогирдонаш Сеше, Карсевский, Годел ва махсусан Ш.Балли давом диҳанд, дар Париж А.Мейе Ж.Вандриес, Граммон, Коэн давом додаанд.
Ба Ф. де Соссюр муқобилгузорӣ-антиномия хос буд:
забон-нутқ, диахрония-синхрония, лингвистикаи дохилӣлингвистикаи берунӣ, шаклу мундариҷа ва ғр.

Супоришот:
1.Навиштани реферат дар мавзуи “Мактабҳои забоншиносии Русия”; 2. Доир ба истилоҳоти забоншиносӣ ёддошт намоед.

пешина
аз 210
навбатӣ