Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забон чун системаи лексикӣ ва грамматикӣ ба таври ҷудогона дар шуури шахсони ҷудогонаи ба ягон умумияти забонӣ тааллуқдошта вуҷуд дорад. Забон чун маҳсули ҷамъиятӣ ва чун воситаи ҳамдигарфаҳмии одамон ба шахсони ҷудогонаи бо он гапзананда вобаста нест. Баракс фард бояд кӯшиши зиёд кунад, то ки системаи забонро ба таври бояду шояд аз бар кунад. Аз ин рӯ, омӯзиши забон ин ҷараёни соф психологӣ мебошад.
Нутқ амалиётест, ки бо ёрии он фард забонро барои ифодаи фикри худ истифода мебарад.
Забону нутқ алоқаи зич доранд. Забон асос ва маҳсули нутқ аст. Забон дар заминаи нутқ ба амал меояд ва бо нутқ ифода мегардад. Забон шарт аст, то ки нутқ мафҳум бошад, нутқ зарур аст, то ки забон инкишоф ёбад. Инкишофи забонро бо нутқ муайян мекунанд. Нутқ шакли мавҷудият ва инкишофи забон аст.
Бо вуҷуди ин Ф. Соссюр забону нутқро ба ҳам тамоман зид мегузорад ва аз ин рӯ, мавҷудияти лингвистикаи забон ва лингвистикаи нутқро лозим медонад. Кадом хусусиятҳои забон ва нутқ онҳоро ба ҳам муқобил мегузоштааст:
якум, забон аз нутқ чун ҳодисаи ҷамъиятӣ аз индивидуалӣ фарқ мекунад. Забон монанди як кодекс ба тамоми соҳибонаш ба сифати қоидаву меъёр ҳатмӣ мебошад. Ҳамчун маҳсули ҷамъиятӣ ҳар шахси ҷудогона забонро дар шакли тайёр меомӯзад ва ёд мегирад. Нутқ бошад, индивидуалӣ аст. Ҳар як нутқи ҷудогона соҳиб дорад ва ӯ мувофиқи хости худ онро баён мекунад; дуюм, забон ба нутқ, ки воситаи тавонои реаликунандаи он аст, зид меистад; сеюм, забон бо устувориву дарозумрӣ аз нутқ, ки ноустувор ва яккарата аст, фарқ мекунад; чорум, забон аз нутқ ҳамчун чизи асосӣ аз чизи дуюмдараҷа, ғайриасосӣ ва ё тасодуфӣ фарқ мекунад.

пешина
аз 210
навбатӣ