Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Одатан Шлейхерро асосгузори ҷараёни натурбиологӣ дар забоншиносӣ мешуморанд, зеро ӯ забонро ба категорияи организми зинда дохил намудааст ва қонунҳои онро ба забон ҷорӣ намудааст. Дар ин бора ӯ чунин менависад: «Ҳаёти забон аз ҳаёти организми зиндаи дигар – наботот, растанӣ ва ҳайвонот фарқи куллӣ надорад. Ба мисли набототу ҳайвонот забон ҳам аз сохти оддитарин инкишоф меёбад, ба шаклҳои мураккаб мерасад ва ниҳоят баъди ба қуллаи баланди инкишоф расидан шаклҳои он барҳам мехӯрад». Дар дигар ба пурра мувофиқат кардани ҳамаи қонунҳои табиат ба забон шубҳа мекунад. Фикрҳои Шлейхерро доир ба ин масъала чунин хулоса кардан мумкин аст: 1. Забон чун организми табиӣ берун аз иродаи одамон ба вуҷуд омадааст ва бо камол расидааст.
Вайро тағйир додан мумкин нест. Забон бе ёрии иродаи одамон инкишоф ва такмил ёфтааст ва мувофиқи ҳамин қоида пир мешавад ва мемирад; 2. «Ҳаёти забонҳо» мисли ҳаёти табиат инкишоф меёбад; 3. Лингвистика мувофиқи қонун ва қоидаҳои табиат ба вуҷуд меояд ва инкишоф меёбад.
Ин ақида ба куллӣ ғалат аст, зеро забон ҳодисаи ҷамъиятӣ аст. Вай баробари ҷамъият пайдо мешавад ва баробари он инкишоф меёбад. Забон то ҷамъият ҳаст, вуҷуд дорад, барои он чун воситаи алоқа хизмат мекунад. Дар ҳолати забони дигарро қабул намудани ҷамъият он аз истеъмол мебарояд ва мемирад.
Хизмати Шлейхер дар тараққии забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ хеле калон аст. Ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки мувофиқат ва инкишофи овозҳоро дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ нишон дода, методикаи азнавбарқароркунии нахустзабони европоиро кор кардааст. Ҳам таснифоти морфологии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва ҳам шаҷараи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба номи Шлейхер вобаста мебошад.

пешина
аз 210
навбатӣ