МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
барои омӯзиши забони литовӣ» (1855-1857), «Дар хусуси морфологияи забон» (1859), «Назарияи Дарвин дар амалияи илми забон» (1863) ва соли 18611862 асари асосии ӯ «Грамматикаи муқоисавии забонҳои ҳиндугерманӣ»
чоп мешавад. Ин асарҳо ба инкишофи илми забоншиносӣ кӯмаки калон расонидаанд.
Август Шлейхер забонҳоро аз рӯйи хусусияти типологиашон ба се гурӯҳ ҷудо мекунад. Дар ин масъала ҳам таъсири Гегел (инкишофтаназзул-омезиш) дар ӯ мушоҳида мешавад. Ба гурӯҳи якум забонҳои решагӣ (фақат реша доранд, суффиксу префикс надоранд), агглютинативӣ (ҳам реша ва ҳам аффикс доранд) ва флективӣ (худи шакли калима ҳам маъно (реша) ва ҳам муносибатро (аффикс) ифода мекунад) ҷудо намудааст.
Забонҳои полисинтетикии Ҳумболдт нишондодаро ба гурӯҳи агглютинативӣ дохил кардааст. Ӯ ба забонҳои решагӣ хитоӣ, намаквӣ ва бирманӣ, ба гурӯҳи агглютинативӣ турку тоторӣ, муғулӣ, венгерӣ, тушӣ ва тибетиро, ба гурӯҳи флективӣ бошад, сомӣ ва ҳиндуаврупоиро (ҳам қадимааш ва ҳам наваш) дохил кардааст. Ба ақидаи Шлейхер, ин се гурӯҳ се дараҷаи тараққиёти забонҳоро: решагӣ дараҷаи аввал, қадимӣ ва ё ибтидоии тараққиётро; агглютинативӣ дараҷаи мобайнии тараққиётро ва флективӣ дараҷаи олӣ, охирони тараққиётро нишон медиҳад. Ин таснифот ба олимони минбаъда таъсири зӯр расонида бошад ҳам, онро дараҷаи тараққиёти забонҳо шуморидан ҳамчун чизи сохта мақбули забоншиносон нагардид.
Дар вақти нишон додани муносибати байни забонҳои ҳиндуаврупоӣ чун натиҷаи тараққиёти таърихӣ Шлейхер назарияи шаҷараи забонҳои ҳиндуаврупоиро ба вуҷуд меорад. Аз рӯйи назарияи Шлейхер забонҳои қадимаи ҳиндуаврупоӣ ба ду нахустзабон – шимолиаврупоӣ ва ҷанубиаврупоӣ ҷудо мешаванд. Ба гурӯҳи шимолӣ забонҳои славянию балтикӣ, инчунин германӣ, вале ба ҷанубӣ ҳиндӣ, эронӣ, келтӣ, юнонӣ ва италяниро дохил мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё