Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

де Соссюр, Антуан Мейе, Жан Вандриес дар масъалаи ҷиҳати иҷтимоии забон ба Ҳумболдт пайравӣ карда, фикрҳои ӯро инкишоф додаанд.
Ҷараёни этнолингвистика (ҷараёне, ки диққати асосиро ба омӯзиши алоқаи забон бо маданият, урфу одат ва хаёлоти халқ ҷалб мекунанд) ақидаҳои Ҳумболдтро доир ба руҳи халқ будани забон додааст.

Супориш: Навиштани реферат доир ба хидмат ва андешаҳои
Вилям Ҳумболдт

Мавзуи 11.

Ҷараёни натурбиологӣ дар забоншиносӣ

Нақша:
1.Ҷараёни натурбиологӣ дар забоншиносӣ ва мақоми Август Шлейхер дар бунёди ин ҷараён. Саҳми Шлейхер дар ҳиндуаврупоишиносӣ ва ақидаҳои ӯ доир ба дараҷаи тараққиёти забонҳо.
2.Шаҷараи забонҳо ва таснифоти морфологии забонҳои ҳиндуаврупоӣ.

Август Шлейхер ба ғайр аз забоншиносӣ ба омӯзиши ботаникию фалсафа низ машғул шудааст, ки ин ба ақидаҳои забоншиносии ӯ таъсири муайян расонидааст. Ӯ аз соли 1846 дар университети Бонн, аз соли 1850 дар Прага ва аз соли 1857 дар университети Йен дотсент шуда кор кардааст.
Соли 1858 ӯро узви вобастаи Академияи илмҳои Россия интихоб мекунанд.
Шлейхер баробари ба шакли ҷудогонаи илм даровардани ҳиндуаврупоишиносӣ ба ҷараёни натурбиологӣ дар забоншиносӣ асос гузоштааст ва аз методҳои он, яъне илмҳои табиӣ истифода бурдааст. Асарҳои ӯ «Морфологияи забони славянии динӣ» (1852), «Дастур

пешина
аз 210
навбатӣ