Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳумболдт тарафдори грамматикаи типологии муқоисавии забонҳои хешу ғайрихеш буд. Ҳумболдт ба муқобили тартиб додани грамматикаи умумие буд, ки хусусиятҳои забонҳоро ба назар нагирифта аз рӯйи схемаи тайёри мантиқӣ сохта шуда бошанд. Тарафдори ашаддии ин ҷараён Беккер К.Ф. буд. Вай ба категорияҳои мантиқии Гегел такя карда, соли 1836 асари худ «Грамматикаи батафсили немисӣ»-ро менависад.
Ҳумболдт дар инкишофи фикрҳои забоншиносӣ аҳаммияти муҳим доштани мухолифатҳои (антиномия) диалектикии зеринро таъкид намудааст: 1.
Мухолифат дар масъалаи хусусияти ҷамъиятӣ ва индивидуалӣ доштани забон. Дар ҳақиқат забон дар як вақт ҳам ба шахси ҷудогона мансуб аст ва ҳам инъикоскунандаи омили ҷамъият ва миллат. 2.Мухолифати байни ба охир расидани инкишофи забон дар айни ҳол ва инкишофи мунтазами он. 3. Забон ҳамчун системаи муайян, вале дар айни ҳол амаликунандаи фаъолияти нутқи ҷудогона. 4.
Забон воситаи ифодакунандаи нутқ аст ва дар айни ҳол воситаи бавуҷудорандаи фикри шунаванда мебошад. 5.
Забон ҳам шакли мантиқии фикр ва ҳам шакли забон аст, бо вуҷуди он ки Ҳумболдт ба характери фикр қувваи таъсиррасонанда доштани системаи забонро таъкид мекунад.
Ҳамаи ин проблемаҳо мавриди омӯзиши забоншиносони ҷудогона ва мактабҳои забоншиносии минбаъда гардидаанд. Олимони зиёде аз ҷиҳатҳои гуногун ба ӯ пайравӣ карда, ақидаҳои ӯро ривоҷ додаанд.
Ақидаи Ҳумболдтро дар масъалаи системанокии забон ва организм будани он забоншиносон Бодуэн де Куртенэ, Фердинанд де Соссюр ва А.Шлейхер, фикри ӯро дар хусуси муносибати забону руҳ, забону тафаккури шахси ҷудогона забоншиносон Штейнтал ва Потебня А.А. ривоҷ дода бошанду минбаъд асоси ҷараёни психологӣ дар забоншиносӣ шуда бошад, Ф.

пешина
аз 210
навбатӣ