Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар шаҷараи забонҳои ҳиндуаврупоӣ Шлейхер робитаи забонҳои ҳиндуврупоиро нисбат ба якдигар ва пайдарҳам аз ҳам ҷудо шудани онҳоро ба дарахт ва шоху танаҳои он монанд кардааст. Чунин таҷдиди нахустзабон ба ду сабаб мумкин гардид: 1) дар натиҷаи ба эътибор гирифтани қонунҳои қатъӣ ва мунтазами забонҳо; 2) дар асоси ба эътибор гирифтани он, ки аз фактҳо ва забонҳои маълумбуда ба шаклҳои хеле қадимаи он гузаштан мумкин аст. Шлейхер доир ба забон дастуруламалҳои илмии зиёде пешниҳод кардааст, ки ҷараёнҳои лингвистии минбаъда онҳоро мавриди тадқиқи худ қарор додаанд. Шлейхер забоншиносиро чунин илме муайян кардааст, ки структураи забонро омӯхта, типҳои гуногуни морфологии забонҳоро нишон дода, онҳоро аз рӯйи хусусиятҳои синхронӣ ва диахронӣ муқоиса мекунад. Типологияи забонҳо ҳоло ҳам масъалаи актуалӣ аст. Шлейхер ба фарқи лингвистикаю филология низ бештар диққат дода таъкид мекунад, ки лингвистика ҳолати муқаррарии забонро меомӯзад ба истифодаи он дар шароитҳои муайян кордор намешавад.
Филология бошад, дастхатҳои адабиро омӯхта ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба корбасти забон ва ҳаёти таърихии халқҳои бо ин забон гапзананда алоқаманд аст, дахл мекунад. Дар ин ҷо Шлейхер лингвистикаро ба дохиливу берунӣ ҷудо мекунад. Шлейхер яке аз аввалин олимоне буд, ки ба масъалаи таъсири забонҳо ба ҳамдигар диққат додааст. Ин таъсирро дар забонҳои ғайрихеши дар ҳамсоягӣ воқеъгардида ҳам мушоҳида кардан мумкин аст.
Шлейхерро дар якҷоягӣ бо Бопп асосгузори ҳиндуаврупоишиносӣ номидан мумкин аст. Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ на фақат забонҳои ҳиндуаврупоиро, балки шохаҳои онро ҳам дар муқоиса омӯхтааст.
Албатта, дар корҳои Шлейхер як қатор камбудиҳо низ ҳаст, ки онҳо, аз як тараф, натиҷаи камии мавод бошад, аз тарафи дигар, нафаҳмидан ва надонистани худи моҳияти ҷамъиятии забон ва қонунияти таърихӣ-материалии тараққиёти он буд.

пешина
аз 210
навбатӣ