Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар солҳои охир Востоков омӯзиши илмӣ ва чопи дастхатҳои қадимаи славяниро давом медиҳад, зеро бе ин кор забони қадимаи славяниро омӯхтан имконнопазир аст.
Корҳои Востоков барои ба давраҳои қадим, миёна ва нав ҷудо намудани забонҳои славянӣ кӯмаки калон расонидааст.

Супориш: Доир ба саҳми олимон Вилям Ҷонс, Франс Бопп,
Расмус Раск, Востоков А.Х., Якоб Гримм дар бунёди методи
муқоисавӣ-таърихӣ навиштани маъруза ва дар дарси амалӣ
баромад кардан

Мавзуи 10.
Пайдоиши забоншиносии умумӣ

Нақша:
1.Хизмати Вилям Ҳумболдт дар шаклгирии забоншиносӣ.
2.Андешаҳои Ҳумболдт доир ба муносибати байни забону руҳ, хусусияти ҷамъиятӣ ва фардии забон, тараққиёти забон, системаи забон.

Ҳумболдт яке аз олимон ва донишмандони номии асри
ХVIII-ХІХ ба шумор меравад. Вай ҳам забоншинос, ҳам
философ, ҳам адабиётшиносу шоир ва ҳам ходими сиёсиву
дипломатӣ буд. Дониши лингвистии ӯ ниҳоят васеъ буд,
зеро вай на танҳо забонҳои ҳиндуаврупоӣ, балки забонҳои
баскӣ, малаию полинезӣ ва ҳатто забони ҳиндуҳои
Америкаро медонист. Ҳамаи ин фазилат ва дониши
лингвистӣ ба ӯ имконият додааст, ки доир ба масъалаҳои гуногуни илми забон хулосаҳои дақиқу асосноки боварибахш барорад.

пешина
аз 210
навбатӣ