МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ҳумболдт ба забоншиносии умумӣ, ба забоншиносии назариявӣ асос гузошт. Ӯ масъалаҳои ниҳоят муҳимми забоншиносиро ба миён мегузорад, вале аксар аз нуқтаи назари идеалистӣ ҳал менамояд, бо вуҷуди ин ба инкишофи минбаъдаи ҳам лингвистикаву ҳам забоншиносон таъсири бағоят калон мегузорад. Ақидаҳои Ҳумболдт ба фаъолияти мактабҳои лингвистии зиёде таъсири калон расонидааст.
Аз ин ҷиҳат ӯро бо Ф.Бопп, Соссюр, Фортунатов ва Бодуэн де Куртенэ дар як қатор гузоштан мумкин аст.
Франс Бопп барин забоншиноси маъруф ҳам нисбат ба ӯ эҳтироми зиёд дошт. Забоншиносони шинохта ва маъруф аз қабили Штейнтал, Шлейхер, Фослер, Потт, Курсиус ва ҳатто Бодуэн де Куртенэ ва Потебня барин забоншиносони овозадору мактабдор худро шогирдон ва пайравони Ҳумболдт мешумориданд. Ҳумболдт табиатан забоншиноси назариявӣ буд, зеро бештар масъалаҳои умумии характери забонию фалсафӣ доштаро мегузошт.
Методи муқоисавӣ-таърихиро барои ба вуҷуд овардани назарияи илмии забоншиносӣ истифода мебурд. Асари якумини лингвистии Ҳумболдт «Дар хусуси ба таври муқоиса омӯхтани забонҳо дар давраҳои гуногуни тараққиёти онҳо» соли 1820 чоп мешавад. Асари асосии лингвистии ӯ «Дар бораи забони кави аз ҷазираи Ява», ки аз се ҷилд иборат аст, баъди вафоташ аз тарафи бародараш Александр Ҳумболдт соли 1836-1840 чоп кунонида мешавад.
Ҳумболдт таъкид мекунад, ки забоншиносӣ бояд методҳои ба худ хоси омӯзиши забонҳоро дошта бошад. Ба таври муқоиса омӯхтани забонҳо танҳо ҳамон вақт доир ба забонҳо, тараққиёти халқҳо ва ба вуҷуд омадани инсоният натиҷаҳои дуруст ва муҳим дода метавонад, ба шарте ки вай предмети тадқиқи мустақил гардад, ба иҷрои вазифаҳои худ, мақсади худ нигаронида шуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё