МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ақидаҳои асосии Ҳумболдт доир ба забон дар муқаддимаи назариявии ҳамин асар «Дар бораи фарқи сохти забонҳои инсон ва таъсири он ба инкишофи руҳии одамон» ҷой дода шудааст. Дар ин асари Ҳумболдт ҳам фикрҳои тозаву пешқадам ва ҳам фикрҳои ғалат ба назар мерасанд. Яке аз масъалаҳои назариявӣ-фалсафӣ дар кори олим нишон додани муносибати байни забону руҳ мебошад.
Ба ақидаи Ҳумболдт, забон ин руҳи халқ, руҳи халқ бошад, забони он аст. Дар ин ҷо олим забону тафакурро як шуморида, ҷиҳати идеалистии ақидаи худро нишон медиҳад.
Ҳумболдт кӯшиш мекунад, ки алоқаи забону тафакурро пурра ошкор намояд. Вай қайд мекунад: «Забон олотест, ки фикрро ба вуҷуд меоварад. Фаъолияти фикрӣ пурра руҳӣ, дохилӣ буда, беасар мегузорад – ба воситаи овозҳои нутқ шакли материалӣ мегирад ва барои дарки ҳиссӣ дастрас мегардад. Ва аз ин рӯ, фаъолияти тафаккур ва забон ягонагии ҷудонашаванда доранд». Гумболд дуруст қайд мекунад, ки забон ҳамеша дар тараққиёт аст. Ба фикри Ҳумболдт, ҳар як насл забонро дар шакли тайёр қабул мекунад ва ҳамин шакл барои тағйир ва тараққии забон мувофиқи таҷрибаву фаъолияти ҷамъият ҳама гуна шароит дорад. Ӯ забонҳои зиёдеро омӯхтааст ва онҳоро аз рӯйи сохт бо ҳам муқоиса кардааст. Ба ҷиҳати генетикии он эътибор надодааст. Аз ин рӯ, фикри забоншиносони муқоисавӣ доир ба масъалаи тараққиёти забон ҷолиби диққат аст. Гумболд яке аз аввалин олимоне буд, ки забонро чун система медонист. Бо ҳам алоқаи зич доштани тамоми структураи забонро нишон додааст. Ӯ таъкид мекунад, ки дар забон ягон чизи ҷудогона нест, ҳар як унсури ҷудогона ба сифати ҷузъи кулл намудор мегардад. Ҳумболдт фарқи забону нутқро нишон дода буд, ки ин ҳам ҷолиби диққат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё