Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин тарзи кор бисёр ҷиҳатҳоро равшан намуд, бинобар он тарафдорон пайдо кард. Востоков қайд мекунад, ки ҳамаи славянҳо – шарқию ғарбӣ ва ё ҷанубӣ, дар давраи Константин ва Мефодий (яъне 862) якдигарро, ба мисли он ки ҳоло русҳои Дону Архангелск сибириҳову москвагиҳоро мефаҳманд, медонистанд. Пас, маводи забонҳои русӣ чӣ қадар ба қадим наздик шавад, ҳамон қадар бо ҳам наздик шудан мегирад.
Ба фикри Востоков, нахустзабони славянӣ аввал дар шакли яке аз диалектҳо вуҷуд дошт, баъд аз он диалект забонҳои ҷудогона ба амал омадаанд.
Востоков ба мисли Добровский забонҳои славяниро ба шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо мекунад, вале диққати асосиро ба мавқеи забони қадимаи славянӣ ва муносибати он бо забонҳои русӣ, сербӣ ва забонҳои дигар медиҳад.
Востоков бо Добровский дар масъалаи аз забони сербӣ ба амал омадани забони славянии қадим ва инчунин нахустзабон шуморидани он баҳс намуда қайд мекунад, ки забони қадимаи славянӣ барои ҳамаи халқу қабилаҳои славян, ки дар территорияи васеъ зиндагӣ мекарданд, забони ягона ва умумӣ набуд. Вай лаҳҷаи ин ё он қабила буду халос. Востоков фарқи забонҳои славянии қадима ва русиро қайд карда таъкид мекунад, ки забони славянии қадим, ки китобҳои Тавроту Инҷил бо он навишта шудаанд, чи хел ки Добровский қайд мекунад, танҳо хоси сербҳо набуда, балки русҳо ҳам мефаҳмиданд. Востоков инчунин аз забони динии славянӣ ба куллӣ фарқ кардани забони қадимаи русиро, ки «Русская правда» ва «Слово о полку Игорев» бо он навишта шудааст, қайд мекунад. Востоков забони қадимаи славяниро бо забони китобӣ муқоиса намуда қайд мекунад, ки вай барои халқҳои славян чун забони дин хизмат мекард, чунон ки забони лотинӣ барои руҳониёни Европа хизмат менамуд. Ғайр аз ин ба забони адабии рус таъсири зӯр расонидани забони қадимаи славяниро нишон дода мегӯяд, ки забони гуфтугӯии халқӣ на танҳо аз забони славянӣ, балки аз забони хаттии русӣ, ки аз ҳисоби забони динии славянӣ бой гардидааст, фарқ мекунад.

пешина
аз 210
навбатӣ