МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ӯ дар асари худ «Грамматикаи немисӣ»
(1819), ки аз чор ҷилд иборат аст, тамоми забонҳои германиро аз шакли қадимаашон сар карда муқоиса намудааст. Ҳар чор ҷилди ин асар соли 1837 ба охир расида, соли 1848 бо номи «Таърихи забони немисӣ» аз чоп мебарояд. Дар асари калонҳаҷми «Луғати немисӣ» (1854), ки ҷилди дуюмаш соли 1960 чоп шудааст, Гримм тамоми калимаҳои забони немисиро ҷой додааст.
Асарҳои Гримм ба забоншиносони минбаъда таъсири калон расонидааст, таъсири ӯ дар осори забоншиноси рус Буслаев Ф.И. бештар мушоҳида мешавад. Гримм маводи хеле зиёд ҷамъ намуда, тағйир ва такмили шаклҳои грамматикиро дар забонҳои германӣ бо далелҳои фаровон нишон додааст. Фикрҳои Гримм доир ба тағйири овозҳо ва қонуниятҳои он низ ҷолиби диққатанд.
Ба гуфтаи А.Мейе, Я.Гримм дар «Грамматикаи немисӣ»- и худ бори аввал диалектҳои қадимаи немисиро ба таври саҳеҳ тасвир намудааст, ки ин ба кори тадқиқотчиёни минбаъда кӯмаки калон расонида метавонад.
Албатта, олим он ҳодисаҳои забониро тасвир карда буд, на таҳлил.
Востоков Александр Христофорович (1781-1864)-ро асосгузори методи муқоисавӣ-таърихии забонҳои славянӣ гуфтан мумкин аст. Востоков аз соли 1826 узви вобаста ва аз соли 1841 академики Академияи илмҳои Россия буд.
Асарҳои асосии Востоков «Мулоҳизаҳо оид ба забони славянӣ» «1820), «Грамматикаи русӣ» (1831), «Таҷрибаи сохтани луғати маҳаллии забони великорусӣ» (1852), «Луғати забони динии славянӣ» (1858-1861) ва ғайра мебошанд. Соли 1865 забоншинос Срезневский И.И. корҳои филологии Востоковро дар маҷмуаи «Мушоҳидаҳои филологии А.Х.Востоков» чоп мекунад.
Хусусияти хоси корҳои ин олам он буд, ки вай ба мисли намояндагони ин метод танҳо маводи қадимаи забонҳоро муқоиса накарда, балки онро бо маводи забонҳои ҳозира ва ҳатто шеваҳо муқоиса мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё