МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Раск аввалин шахсест, ки бо вуҷуди бо забонҳои славянӣ навздикӣ доштан шохаи махсуси забонҳои ҳиндуаврупоӣ будани забонҳои балтикиро нишон додааст.
Раск мисли Франс Бопп забони аввалин – нахустзабонро ҷустуҷӯ намекунад. Вай алоқамандии забонҳои скандинавиро бо забонҳои дигари ҳиндуаврупоӣ нишон медиҳад. Ӯ забони исландиро аввал бо забонҳои греландӣ, келтӣ, баскӣ, финӣ, баъд бо норвегӣ, шведию даниягӣ муқоиса карда, онҳоро бо забонҳои дигари германӣ ва тамоми забонҳои германиро бо юнонию лотинӣ ё ки фракийӣ муқоиса мекунад. Хулосаи Раск он аст, ки забонҳои скандинавию германӣ бо ҳам хеле наздиканд.
Умумият ва ё манбаи қадимаи онҳо ва инчунин забонҳои славянию балтикиро дар забонҳои қадимаи юнонию лотинӣ ё ки фракийӣ пайдо кардан мумкин аст, зеро ин забонҳо хусусияти архаистӣ ва қадимаи худро бештар нигоҳ доштаанд.
Забоншиноси номии Франсия Антуан Мейе ба ин ду забоншинос чунин баҳо медиҳад: «Аз ҷиҳати ба муқоисаи забонҳо ҳамроҳ накардани санскрит Раск ба дараҷаи Бопп нарасидааст, вале ӯ ба пайдо кардани шакли қадима беҳуда саргардон нашуда, умумияти қадимаи забонҳои ба ҳам наздикро нишон медиҳад. Ба фикри Раск, ҳамаи бандакҳои забони исландиро ба ин ё он дараҷа дар забонҳои юнонӣ ва лотинӣ пайдо кардан барои исбот кифоя аст. Аз ин ҷиҳат асари ӯ нисбат ба асари Бопп илмӣ ва кам кӯҳнашуда мебошад».
Яков Гримм (1785-1863) бо ёрии методи муқоисавӣтаърихӣ танҳо як шохаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ-германиро муқоиса намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё