МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Бопп ба ин оилаи забонҳо номи «ҳиндуаврупоӣ»-ро додааст.
Бопп асосан ба қисмати морфология ва таҳлили таркиби калима эътибор додааст. Ӯ ба омӯзиши тағйиротҳои овозӣ ва қонунҳои он, инчунин ҷумла ва сохти он таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст. Ин корро муҳаққиқони минбаъда анҷом додаанд.
Ба норасоиҳои кори Бопп ба ҳамин гуруҳ дохил намудани забонҳои индонезӣ ва кавказӣ, инчунин санскритро нахустзабони забонҳои ҳиндуаврупоӣ шуморидан мансуб меёбад.
Забоншиноси гениалии Дания Расмус Раск (1787-1832) низ дар як вақт бо Ф.Бопп, вале бехабар аз ӯ ба омӯзиши муқоисавӣ-таърихии забонҳои ҳиндуаврупоӣ машғул мешавад. Солҳои 1816-1823 ба саёҳати Осиё мебарояд, ба Ҳиндустон ҳам меравад. Аз соли 1823 то охири умр профессори Университети Копенгаген буд. Асари машҳур ва маъруфи ӯ «Тадқиқот доир ба забони қадимаи шимол ва ё пайдоиши забони исландӣ» соли 1814 навишта шуда, соли 1818 чоп мегардад. Ӯ дар ин асари худ чанд фикри ҷолиби диққат гуфтааст, ки то ҳол аҳаммияти худро гум накардааст.
Ба фикри олим, ягон восита ба мисли забон манбаи муҳимтарин дар муайян кардани пайдоиши халқ дар замонҳои ниҳоят қадим ва алоқаи зичи байни халқҳо шуда наметавонад. Ҳангоми муқоисаи забонҳо фарқ кунонидани хусусиятҳои лексикӣ ва грамматикиро талаб мекунад ва ба мувофиқати хусусиятҳои грамматикии забонҳо эътибори махсус медиҳад. Вай дар ин асари худ хешигарии забонҳои германӣ, литовӣ, славянӣ, лотинӣ ва юнониро нишон медиҳад. Раск муқоисаи нишонаҳои грамматикӣ ва махсусан бандакҳоро муҳим мешуморад, зеро онҳо аз як забон ба забони дигар намегузаранд. Вай муқоисаи калимаҳои ҳаётан мухим ва овозҳоро низ шарти зарурии муқоиса мешуморад. Раск дар асари аввалини худ «Китоби дарсӣ ба забони исландӣ» (1811) ба муқобили грамматикаи мантиқӣ баромада, таъкид мекунад, ки вазифаи грамматика фармон додани чӣ навъ сохтани калима набуда, балки чӣ хел ба амал омадан ва тағйир ёфтани калимаҳоро тасвир кардан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё