Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Давраи якумро ба ду марҳила ҷудо мекунанд. Ба марҳилаи аввал тахминан солҳои 1861-1850 ва ба дуюм солҳои 1850-1870 дохил мешавад. Дар марҳалаи аввал методи муқоисавӣ-таърихӣ ва забоншиносии умумӣ ба амал меояд. Асосгузорони методи муқоисавӣ-таърихӣ Ф.Бопп, Р.Раск, Я.Гримм, А.Востоков ва дигарон бошанд, бо забоншиносии умумӣ Вилгелм Ҳумболдт асос гузоштааст.
ФранС Бопп (1791-1867) забоншинос ва ҳиндушиноси машҳури немис мебошад, аз соли 1821 профессори университети Берлин буд. Соли 1861 «Доир ба системаи тасрифи забони санскрит дар муқоиса бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, форсӣ ва германӣ» китобе менависад. Ин асар ба пайдоиши методи муқоисавӣ-таърихӣ асос гузошт ва як гуруҳ забоншиносон ин солро соли пайдоиши забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ меноманд. Бо ифодаи Мейе, Ф.Бопп дар ҷустуҷӯи нахустзабони ҳиндуаврупоӣ методи муқоисавӣ-таърихиро ба вуҷуд овард, чи хеле ки Колумб дар ҷустуҷӯи роҳи Ҳиндустон Америкаро кашф карда буд. Кашфи Бопп дар чист? Охир, забоншиносон Б.Ҷонс ва Ф.Шлегел низ хешигарии забонҳои ҳиндуаврупоиро гуфта буданд-ку? Хизмати Бопп он буд, ки дар асоси маводи забонҳои хеш назарияи системанокро ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи муқоисаи бандакҳои феълӣ дар ин забонҳо маълум шуд, ки на танҳо ҳодисаҳои ҷудогона, балки системаҳои ягонаи грамматикӣ ба ҳам монанд мебошанд. Мувофиқат барои Бопп восита буд. Мақсади Бопп шакли қадимаро нишон дода, ба воситаи далели як забон ва ё шакли замонии он шакли забони дигарро маънидод намудан буд. Ин навигарии олим буд, ки бе он забоншиносии илмии муосир вуҷуд надорад.
Бопп баъдтар ба он забонҳо забони қадимаи русӣ ва арманиро ҳам дохил мекунад. Хулоса, ҳамаи он забонҳое, ки ҳоло мо ба оилаи ҳиндуаврупоӣ дохил мекунем, аз назари олим дур намондааст, ба истиснои забонҳои хетӣ ва тохарӣ, ки он вақт маълум набуданд.

пешина
аз 210
навбатӣ