МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданТаърихи омӯзиши муқоисавӣ-таърихии забонҳои ҳиндуаврупоиро ба чор давра ҷудо кардан беҳтар аст:
- Аз пайдоиш ва ташаккули методи муқоисавӣтаърихӣ то замони ҷавонграмматикҳо. 2.
Ҷавонграмматикҳо. 3. Аз ҷавонграмматикҳо то «Курси лингвистикаи умумӣ»-и Фердинанд де Соссюр ва рамзхонии (расшифровка) осори забони хетӣ. 4.Аз «Курси лингвистикаи умумӣ»-и Соссюру осори забони хетӣ то замони мо.
Давраи якум. Ин давра солҳои 1816-1870-ро дар бар мегирад. Масъалаи асосии ин давра ба вуҷуд омадани методи муқоисавӣ-таърихӣ ва пайдоиши забоншиносии умумӣ буд. Дар ин давра ҷамъ намудани мавод ва ба система даровардани он давом мекунад. Доир ба ҳамаи масъалаҳо фикри қатъӣ гуфтан барвақт буд, зеро баъзе масъалаҳо пурра омӯхта нашуда буданд ва маводи зарурӣ ҳам гирд оварда нашуда буд. Санскритро асос ва ё нахустзабони забонҳои ҳиндуаврупоӣ шуморидани Ф.Бопп, Курсиус, И.Шлегел, А.Шлейхер ва дигарон муайян кардани қонунияти забонҳои ҳиндуаврупоиро душвор намуда буд. Дар санскрит будани се садонок (а, и, у) ба панҷ садоноки (а, и, у, о, э) нахустзабон ин фикрро рад менамуд.
Дар ин давра бисёр хатҳои номаълум хонда мешавад.
Масалан, соли 1822 олими фаронсавӣ Жан Франсуа Шамполион иероглифҳои Мисрро, соли 1837-1840 олими немис Георг Фридрих Гротефенд хати мехии форсӣтоҷикиро мехонад. Хонда шудани хати мехӣ ба хондани хатҳои аккадийҳо, элмасҳо, хетҳо ва халдҳо сабаб ва асос шуд. Ғайр аз ин хатҳои Кипр ва хати орхонии туркӣ хонда мешавад. Хондани ин хатҳо аҳаммияти калон дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё