МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Мавзуи 9.
Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ
Нақша:
1.Пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва даврабандии он.
2.Саҳми олимон Вилям Ҷонс, Франс Бопп, Расмус Раск, Востоков А.Х., Якоб Гримм дар бунёди методи муқоисавӣ-таърихӣ ва забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ.
Дар асри ХІХ як гурӯҳ олимони мамлакатҳои ҷудогона бехабар аз кори ҳамдигар дар як вақт умумияти забонҳои гуногунро нишон дода, ба хулосае омадаанд, ки ин гуна умумият хешигарии ин забонҳоро мефаҳмонад. Ҳамаи ин забонҳо аз як забон ба амал омада, бо мурури замон забони мустақил гардидаанд. Дар натиҷа грамматикаҳои муқоисавии ҳиндуаврупоӣ, сомӣ ва угрофинӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин кор методи муқоисавӣ-таърихӣ роли ҳалкунанда бозид. Натиҷаҳои методи муқоисавӣ-таърихӣ ба забоншиносии умумӣ асос гузошт.
Муҳокимаи фалсавӣ ва таърихӣ доир ба забон пеш ҳам буд, вале методи муқоисавӣ-таърихӣ ба пайдоиши илми забоншиносӣ сабаб шуд ва асос гузошт. То асри ХІХ ҳолати ҳозира ва ё гузаштаи ин ё он забон омӯхта мешуд, вале дар хусуси пайдоишу тараққиёти он чизе намегуфтанд.
Омӯзиши муқоисавии забонҳо ба ин хотима дод. Албатта, хизмати Маҳмуди Қошғарӣ, Вилям Ҷонс, Фридрих Шлегел ва дигарон дар пайдоиши методи муқоисавӣ-таърихӣ кам нест.
Ҳамин тариқ, дар аввали асри ХІХ илми мустақили забоншиносӣ ба амал меояд, яъне аз филология, фалсафа ва таъриху табиат ҷудо мешавад.
Методи муқоисавӣ-таърихӣ бо роҳи муқоисаи маводи забонҳо на танҳо таърихи он забонҳоро, балки қонуниятҳои тараққиёти онҳоро нишон медиҳад ва бо ҳамин забоншиносиро аз олами тахмину фаразия ба илми муайян, саҳеҳ ё ки аниқ мубаддал менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё