Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар охир ҳаминро бояд қайд кард, ки то асри ХVIII олимон забонро тағйирнаёбанда мешумориданд.
Файласуфи итолёвӣ Ҷамбатист Вико (1725) дар асари худ «Илми нав» дар хусуси тараққиёти ҷамъияту забон сухан меронад. Хизмати гениалии Вико, - ба гуфти Маркс, - ҳалли ин масъала набуда, балки гузориши он мебошад. Як қатор олимон, ба мисли Шарл де Брос, Ж.Ж.Руссо, Монбоддо, Адам Смит, Пристли, Ҷон Горн-Тук, Гердер ва дигарон фикри Викоро бо шаклу тарзҳои гуногун инкишоф медиҳанд. Албатта, ақидаи ҳамаи инҳо як хел набуд.
Масалан, файласуфи англис Ҷозеф Пристли дар тараққиёти забон ба мисли Гегел, Шлейхер се давраро: саршавӣ, гулгулшукуфӣ ва нестшавӣ (мурдан), вале Монбоддо баракс дар тараққиёти забон прогресси доимиро мебинад.
Дар асрҳои ХVI-ХVIII доир ба забонҳои гуногун маводҳои зиёд ҷамъ карда мешавад. Дар пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ шиносоии европоиҳо бо санскрит аҳаммияти бағоят калон дошт, зеро дар натиҷа маълум шуд, ки як қатор забонҳои асосии Европа бо санскрит умумияти наздик доранд.
Аввалин шахсе, ки умумият ва монандии калимаҳои забони санскриту забони итолиёиро нишон додааст, савдогари итолиёӣ Филиппо Сассетӣ буд. Вай панҷ сол (1583-1588) дар Ҳиндустон зиндагӣ карда, забони санскритро меомӯзад ва ин гуна умумиятро мушоҳида мекунад. Забоншиноси голландӣ Иосиф Юстус Скалигер дар китоби худ «Мулоҳизаҳо доир ба забонҳои европоиҳо»
(1599) 11 забони халқҳои Европаро ба мисли славянӣ, германӣ, романӣ, юонӣ, венгерӣ, тоторӣ ва ғайра аз рӯйи калимаи худо ба ҳамдигар муқоиса карда ба хулосае меояд, ки ин забонҳо байни худ ҳеҷ гуна умумияте надоранд. Ин фикр ғалат буд, зеро аз рӯйи як калима забонҳоро бо ҳам муқоиса карда хешигарии онҳоро нишон додан имконнопазир аст. Баъдтар маълум шуд, ки аз он 11 забоне, ки Скалигер бо ҳам муқоиса карда буд, забонҳои венгерӣ ва тоториро истисно кунем, боқимондаи онҳо ба гуруҳи ҳиндуавропоӣ дохил мешаванд.

пешина
аз 210
навбатӣ