Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лейбнитс умумияти калимаҳои забонҳои финию венгериро бо туркӣ, муғулӣ ва манҷурӣ нишон медиҳад. Ғайр аз ин вай қатъиян таъкид мекунад, ки забони қадимаи яҳудӣ нахустзабони забонҳои дунё нест. Ломоносов дар китоби худ «Материалҳо доир ба грамматикаи русӣ» (1755) хешигарии 5 забони Европаро (русӣ, латишӣ, юнонӣ, лотинӣ ва немисӣ) нишон медиҳад ва таъкид мекунад, ки ин забонҳо аз як забони қадима ба вуҷуд омадаанд.
Шарқшинос ва ҳуқуқшиноси англис Вилям Ҷонс (1746- 1794) солҳои 1783-1794 дар Бенгалия қозӣ буд. Соли 1784 вай «Ҷамъияти осиёӣ» барпо мекунад. Вазифаи ин анҷуман омӯхтани маданият ва забонҳои Ҳиндустон буд. Соли 1786 В.Ҷонс дар ҳамин ҷамъият дар мавзуи «Тадқиқоти осиёӣ»
маъруза мекунад. Дар маъруза бо далелҳои раднашаванда мувофиқати забонҳои ҳиндуаврупоиро ҳам аз ҷиҳати грамматикӣ ва ҳам аз ҷиҳати лексикӣ нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Санскрит сохти аҷиб дорад ва бо забонҳои юнонию лотинӣ ҳам аз рӯйи решаи феълҳо ва ҳам шаклҳои грамматикӣ чунон хешигарии наздик дорад, ки тасодуф шуданаш мумкин нест. Хешигарӣ ба дараҷаест, ки ягон мутахассис ҳам ба он шубҳа карда наметавонад, ки ин забонҳо аз як манбаъ ба вуҷуд омадаанд, вале мумкин аст, он забон ҳоло вуҷуд надошта бошад». Ба фикри ӯ, забонҳои готӣ, келтӣ ва форсии қадим ҳам аз ҳамон манбаъ ба амал омадаанд. В.Ҷонс ақидаҳои худро бо таҳлили овозҳову асосҳои грамматикӣ тасдиқ накард, бинобар он вайро асосгузори забоншиносии муқоисавӣ гуфтан мумкин нест.
Иосиф Добровский ба омӯзиши муқоисавии забонҳои славянӣ асос гузоштааст. Ғайр аз ин ӯро асосгузори илми филологияи славянӣ низ меноманд. Асарҳои ӯ «Таърихи забон ва адабиёти чех» (1792), «Китоби дарсии муфассали

пешина
аз 210
навбатӣ