Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз охирҳои асри ХІХ сар карда чанд навъи забони сунъӣ, ба мисли воляпюк, идо ва эсперанто сохта шуд. Инҳо ҳақиқатан ҳам забони сунъӣ мебошанд, зеро хусусияти ба худ хоси ягон забон, услуб ва ё роҳи тараққиёти онро надоранд. Аз инҳо э с п е р а н т о, ки соли 1887 аз тарафи духтури Варшавагӣ Людвиг Земенгроф тартиб дода шуда буд, то андозае муваффақият пайдо кард. Эсперанто калимаи лотинӣ буда, маънояш умедкунанда (надеющийся) мебошад. Инҳо ҳақиқатан ҳам забонҳои сунъӣ мебошанд, зеро хусусияти ба худ хоси ягон забон, услуб ва ё роҳи тараққиёти онро надоранд. Аз инҳо эспаранто, ки соли 1887 аз тарафи духтури варшавагӣ Людвиг Земенгоф тартиб дода шуда буд, то андозае муваффақият пайдо кард. Ҳоло чандин миллион кас ин забонро медонад. Бо ин забон журналу китобҳои зиёде чоп ва тарҷума шудааст. Аз ин забон ба таври васеъ коллексионерҳо, варзишгарон, духтурон, баҳрнавардон ва филологҳо истифода мебаранд.
Таркиби луғавии забони эсперанто аз 900 калимаи решагӣ иборат аст. (Луғатҳои ҳозира 25 ҳазор калимаи решагӣ доранд). Аз инҳо 60 % ба забонҳои романӣ, асосан лотинӣ,
30 % ба забони германӣ ва 10 % ба забонҳои славянӣ тааллуқ дорад. Грамматикаи эсперанто 16 қоидаи нисбатан соддаро дар бар мегираду халос. Масалан, тамоми исмҳо анҷомаи «О» дорад: ҳомо – одам, патро – падар, патрино – модар; сифатҳо анҷомаи «А» мегиранд: ҳома – одамӣ, патра – падарӣ, патрина – модарӣ; зарф бошад, анҷомаи «Е» мегирад: боне- нағз, хуб; малбоне – бад, ганда ва ғайра.
Шаклҳои феълӣ ҳам аз рӯйи бандак фарқ мекунанд: масдар бандаки i: skribi – навиштан, замони ҳозира -as: mi skribas - ман менависам, li skribas - ӯ менависад, замони гузашта -is:
mi skribis - ман навиштам, замони оянда -os: mi skribos - ман хоҳам навишт, сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ -us: -mi skribus - ман хоҳам навишт, сиғаи амрӣ –u: skribu - навис қабул мекунад.

пешина
аз 210
навбатӣ