Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷа Ҳасани Нисорӣ доир ба пайвандаки «у» (гуфту рафт, давоту қалам), пешоянди «ба», пасоянди «-ро», бандаки изофии «и», бандакҳои феълии –ам, -ӣ, -ем, -ед ва
-анд, бандакҳои хабарии –ам, -ӣ, аст, -ем, -ед ва –анд маълумот додааст.
Дар масъалаи ибора Хоҷа Ҳасани Нисорӣ танҳо доир ба ибораҳои изофӣ маълумот медиҳад ва ин ибораҳоро аз рӯйи маънои вазифаи калимаи муайянкунанда гуруҳбандӣ намудааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ чанд вазифаи морфемаи «- е»-ро низ бо мисолҳо нишон додааст.
Аз таҳлили маводҳое, ки доир ба забони форсӣ-тоҷикӣ бахшида шудааст, маълум мешавад, ки қайдҳо доир ба забон дар фарҳангномаҳо, китобҳо доир ба фалсафаю мантиқ, асарҳои улуми сегона - аруз, қофия, бадеъ ва инчунин баъзе дастурҳои ҷудогона дода шудааст. Ҳамаи онҳо вобаста ба забоншиносии араб баён гардидаанд.

Супоришот:
1.Мутолиа ва ёддошт доир ба забоншиносии тоҷику форс дар асрҳои миёна; 2. Навиштани реферат дар мавзуи “Афкори забоншиносии тоҷику форс дар асрҳои миёна” Мавзуи 8.

пешина
аз 210
навбатӣ