МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Забоншиносии давраи Эҳё (Таҷаддуд)
Нақша:
1.Забоншиносӣ дар асрҳои миёна ва давраи Эҳё (Таҷаддуд).
2.Аҳаммияти ҷараёнҳои нашъунамо, ислоҳот ва маърифат.
Омӯзиши осори қадимаи юнонӣ, лотинӣ, яҳудӣ ва сомӣ.
Пайдоиши забонҳои ҷаҳонии сунъӣ ва грамматикаҳои универсалӣ.
3.Акидаҳо доир ба тараққиёти забон. Фикру мулоҳизаҳои олимон Иосиф Юстус Скалигер, Аделунг, Фатер, Иоганн Рейхлин, Жан Жак Руссо, Гердер, Пор - Роял Лансло, Антон Арно, Ҷамбагист Вико доир ба ин масъала.
Таҷаддуд асрҳои ХV-ХVIII-ро дар бар мегирад. Дар ин давра капитализм ғалаба мекунад. Ҷамъият тараққӣ мекунад, пеш меравад. Кашфиётҳои ҷуғрофӣ аз қабили кашфи қитъаи Америка (соли 1492), роҳи обӣ ба Ҳиндустон (соли 1498), саёҳати даври олами аввалин (15191522) аз тарафи Магеллан низ ба пешрафти ҷамъият шаҳодат медиҳад. Дар ин давра се ҷараёни фикрию маданӣ – нашъунамо, ислоҳот ва маърифат ба амал меояд.
Мафҳуми нашъунамо (ренессанс) он буд, ки маданияти динии феодалӣ ба маданияти ғайридинӣ (светский), ки ба маданияти қадима такя мекард, иваз шуд.
Мафҳуми ислоҳот (реформация) – (ҳаракати иҷтимоии зиддифеодалии асри ХVI дар Европаи Ғарбӣ, ки шакли муборизаи динии зидди калисои католикиро гирифта буд) он аст, ки ҳокимияти папа барҳам хӯрда, ба инкишоф ва тараққиёти қувваҳои миллии мамлакатҳои Европа шароит фароҳам оварда мешавад.
Маърифат (просвещение) – давраи инкишофи илму маданият ва фалсафа дар Европаи Ғарбии асрҳои ХVII- ХVIII бошад, ҳаёти руҳии Европаро бо фалсафаю илм алоқаманд намуд. Давраи нав шахсони машҳури оламро аз қабили Колумб, Галилей, Коперник, Декарт, Нютон, Лейбнитс, Ломоносов ва дигарон ба вуҷуд овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё