МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқро бо вожаи ҳарф ном бурда, як қатор пешоянду пасоянд, пайвандаку ҳиссача ва нидоро шарҳ додааст.
Пешояндҳои бар, бо, бе, то, пасоянди –ро ва пайвандакҳои ки, ва, ё, на... на, чи... чи ва ҳиссачаи –чӣ зикр гардидаанд. Масалан, ба маъноҳои макон, боло, ҳамроҳӣ, савганд, сабаб, ташбеҳӣ, воситаи иҷро омадани пешоянди «ба»-ро қайд мекунад. Дар баъзе ҳолатҳои зикршуда пешоянди «ба» бо пешояндҳои «аз», «бо», «барои», «мисли», «пеши», «то» хусусияти муродифӣ дорад.
Муаллиф қайд мекунад, ки дар осори классикӣ пешояндҳои «абар», «або», «абе» дучор мешаванд, вале таъкид мекунад, ки «а» дар ин пешояндҳо зиёдатист.
Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар бахши калимасозӣ ҳам фикрҳои ҷолиб дорад. Дар асри ХVI мавҷуд будани пасванду пешвандҳои –о, -иш, -ор, дон, -када, -истон, -зор,
-анда, -ан, -гар, -манд, -вар, -ур, -гин, -нок, -бон, гор, -гоҳ, а, -ӣ, -ак, -ча; -гон, -ҳо, -ҷот, -ум қайд мекунад. Доир ба ҳар яке аз ин пасванду пешвандҳо маълумоти васеъ медиҳад.
Маълумоте, ки доир ба пасвандҳои –а ва –ӣ медиҳад, хеле муфассал мебошад.
Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ба қисмати наҳв ҳам эътибори махсус дода, доир ба ибораву ҷумла, анвои ибора, муносибатҳои маъноии ҷузъҳои ибора, мувофиқати хабар бо мубтадо, мухотаб, ифода ва маъноҳои он, воситаи алоқаи ҷумлаҳои мураккаб, муродифоти воҳидҳои мухталифи наҳв андешаҳои муҳим дорад.
Алоқаи калимаҳо дар ибораву ҷумла яке аз масъалаҳои асосии синтаксис мебошад ва ин алоқа бо ёрии воситаҳои грамматикии гуногун, аз қабили пайвандакҳои пайвасткунанда, бандакҳои изофӣ, феълӣ, хабарӣ ва инчунин пешоянду пасояндҳо ва тартиби калима сурат мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё