Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нисорӣ доир ба масъалаҳои лексикология ҳам фикру мулоҳизаҳои хуб баён кардааст. Омоним, антоним, синоним ва сермаъноӣ бо мисолҳои зиёд маънидод шудааст.
Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ҳиссаҳои нутқро ба се: исм, феъл ва ҳарф ҷудо мекунад. Исмро ба 8 гуруҳ ҷудо мекунад:
7. Исми зот – исм дораду ҷисм надорад: хашм, ақл, ҳусн, ишқ, ҳаво, бӯ, ҷон. 2. Исми сафот – исм дорои руҳ буда, исм бо руҳаш аст: ҳайвон, гов, асп, мӯр. 3.Исми адад:
1, 2, 3 ... 10, 11, 12... 1000, рӯз, шаб, сол, моҳ. 4.Исми ҷамъ:
мардум, олам, ҷаҳон, фавҷ, яъне исми ҷомеъ. 5.Исми ҷинс:
қалам, давот, китоб, коғаз, яъне исмҳои беҷон. 6.Исми зарф – исмҳои ифодакунандаи мафҳуми макон: қаламдон, ҷузвдон, майкада, оташкада, гулистон, бӯстон; намакзор; хобгоҳ; хона, филхона. 7.Исми масдар: омадан, рафтан; гуфтор, рафтор; дониш, кӯшиш. 8.Исми фоил: гӯянда, раванда; дастгир, хидматгор; оҳангар, сӯзангар; хирадманд, ҳунарвар, тоҷвар; хашмгин; ғамнок; шутурбон. Ҳиссаи нутқи феъл хеле муфассал ва пурра баён гардидааст. Аввал масдарро ҳам дар шакли содда (хӯрдан, рафтан) ва ҳам торкибӣ (намоз кардан) меорад, шакли намозиданро ҳам овардааст. Доир ба феълҳои фоил ё маъруф (бурд, зад), феъли маҷҳул (навишта шуд), феъли лозимӣ (хӯрдан, нӯшидан), феъли мутааддӣ (хӯронидан, нӯшонидан) ва инчунин феълҳои бевоситаю бавосита, тарзи фоилу мафъул маълумоти васеъ медиҳад. Нисорӣ ғайр аз шакли ҳозираи муайян (рафта истодааст) ҳамаи шаклҳои феълро овардааст: замони гузаштаи мутлақ (гуфтам), гузаштаи наздик (гуфтаам), гузаштаи дур (гуфта будам), гузаштаи ҳикоят (мегуфтам), замони ҳозира-оянда (мегӯям) ва замони ояндаи дур (хоҳам гуфт, хӯрам).
Нисорӣ шаклҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ ва амриро низ овардааст. Замони ҳозира (гӯянда, хӯранда) ва гузаштаи (гуфта, хӯрда) сифати феълӣ ҳам бо мисолҳо оварда шудааст.

пешина
аз 210
навбатӣ