Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Афкори забоншиносии форсу тоҷик дар ду равия шакл гирифта инкишоф ёфтааст: якум, бо таълифи фарҳангҳо, баҳси назариявӣ дар китобҳои фалсафӣ ва таълифи рисолаҳо; дуюм, шарҳи дастурии асосҳои қонуни бахшҳои мухталифи забон аз қабили савтиёт, луғат, калимасозӣ, наҳвиёт ва услубиёт. Ба гуруҳи аввал «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Муҳаммад Фахрии Исфаҳонӣ дохил мешавад.
Ба гуруҳи дуюм асарҳое дохил мешаванд, ки масъалаҳои забон дар муқаддимаву ҳошияҳои китобҳои марбут ба арӯз, қофия, бадеъ, мисолҳои фалсафӣ ва забоншиносӣ оварда мешаванд.
Фикрҳои забоншиносии Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар рисолаи «Чаҳор гулзор», ки солҳои 1560-1565 навишта шуда, 60 саҳифаро дар бар мегирад, баён гардидааст. Ин асар дастури таълимӣ буда, бо хоҳиши Убайдуллоҳхони Шайбонӣ навишта шудааст. Пеш аз таълифи он муаллиф рисолаҳои ба забони тоҷикӣ бахшидашударо мутолиа мекунад, аз ин ҷиҳат ӯ фикри гузаштагони худро ҷамъбаст менамояд, дар бисёр ҳолатҳо бо онҳо ҳамфикр мешавад.
Дар масъалаи овозҳо, ки онро Нисорӣ ҳуруф мегӯяд, ба ақидаҳои Насируддини Тӯсӣ пайравӣ мекунад, яъне овозҳо садонок (мусавват) ва ҳамсадо (мусаммат) мешаванд.
Садонокҳо кӯтоҳ (мақсур) – а, -у, и ва дароз (мамдуд) – о, ӯ, э мешаванд. Ҳамсадо 28-то, аз ин 2-то муштарак бо забони арабӣ, овозҳои хоси арабӣ 8-то ва тоҷикӣ 5-то: п (по), ч (чим), т (то), ф (фо) ва г (гоф). Нисорӣ ф-ро хоси тоҷикию арабӣ медонад ва Тӯсӣ онро тоҷикӣ гуфта буд.
Ҳамсадоҳои «ъ» ва «ғ»-ро хоси арабӣ гуфта, ҳамсадоҳои забони тоҷикиро 22-то мешуморад. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ масъалаҳои табдил, коҳиш, афзоиш ва бадалшавӣ барин тағйиротҳои овозиро медонист ва бо мисолҳо нишон додааст.

пешина
аз 210
навбатӣ