Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Доир ба хусусияти калимасозии вожаи «об» ҳам қайди муҳим дорад. Барои ин калимаҳои гулоб, дӯлоб, кӯдоб, селоб, ғарқоб, гирдоб, заҳоб, сароб, буноб, шӯроб, поёноб, тезоб, кӯроб, зардоб, хуноб, симоб, сапедоб, хушоб, дӯшоб, китъаоб, кӯзоб, паниробро овардааст. Албатта, баъзе аз ин вожаҳо ҳоло дар истеъмол нестанд.
Дар бахши сарф ақидаҳои Шамси Қайси Розӣ доир ба сохту таркиби масдар, сиғаҳои феъл, шаклҳои замонии феъл хеле ҷолиби диққатанд. Фикри ӯ доир ба тарзи фоили бевоситаву (биханд, бархез) бавосита (бихандон, бархезон), замони оянда бо феъли ёвари хостан (хоҳанд гуфт) ва ноқисии сиғаи амр бе пешванди би- (бидон, бигӯй) муҳим мебошад.
Шамси Қайси Розӣ доир ба қисмати наҳв ҳам қайдҳои ҷудогона дорад. Ба вазифаи муайянкунандаи соҳибӣ (аспат
–аспи ту, ғуломат – ғуломи ту) ва пуркунанда (медиҳадаш
–ба ту медиҳам, мегӯядат – ба ту мегӯяд) омадани бандакҷонишинро қайд кардааст. Ҳамон вақт, яъне дар асри ХІІІ ин донишманди тоҷик вазифаи бандакҳои феъливу хабариро хеле хуб нишон дода буд. Бандаки хабарии «аст»-ро ҳарфи робита гуфта вазифаҳои онро нишон додааст. Ғайр аз ин ифодаи муайянкунандаву муайяншаванда, пуркунанда ва хабарҳои номиро бо мисолҳо хуб шарҳ додааст.
Шамси Қайси Розӣ муҳимтарин қоидаҳои имлои забони тоҷикиро бо мисолҳои мушаххас нишон дода, ғалатнависии шуарои пешину муосиронашро мазаммат ҳам кардааст. Масалан, ӯ дар ифодаи «ба саҳаргоҳон, дар пасояндҳои «абар», «або», дар феълҳои «бинадо», «гуфто»

пешина
аз 210
навбатӣ