Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зиёдатӣ будани пешоянди бо пеш аз саҳаргоҳон, зиёдии «а»
дар пешояндҳо ва «о» дар феълҳоро нишон додааст.
Ӯ ғалат набудани ду шакли навиштро дар як қатор вожаҳо низ таъкид намудааст: гар-агар, кунун-акнун, дарун-андарун, бурун-берун, чор-чаҳор, фиғон-афғон, роҳраҳ. Беҳтару фасеҳтар будани «доман» аз «домон», «пираҳан» аз «пироҳан», «ногаҳон» аз «ногоҳон» ва ё «огаҳӣ» аз «огоҳӣ», «шукӯҳ» аз «шукуҳ» ё «гурӯҳ» аз «гуруҳ»-ро низ махсус қайд намудааст.
Донишманди дигари асримиёнагии форсу тоҷик Абунасри Форобӣ илмҳоро гурӯҳбандӣ намуда, онҳоро ба панҷ гуруҳ ҷудо мекунад ва дар аввал илми забонро мегузорад. Илми забонро дар навбати худ ба 7 бахш ҷудо мекунад, ки он инҳо мебошанд: 1) илм дар бораи калимаҳои сода; 2) илм дар бораи ҷумла; 3) илм дар бораи қонунҳои калимаҳои содда; 4) илм дар бораи қонуҳои ибораю ҷумла; 5)илм дар бораи қоидаҳои имло; 6) илм дар бораи қонунҳои талаффузи саҳеҳи калимаҳо ва 7) илм дар бораи қонунҳои шеър.
Доир ба масъалаҳои забон дар асарҳои донишмандони дигари асрҳои миёна «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ, «Алфеҳрист»-и Исҳоқ ибни Надим, «Ҷомеъ-ул-улум»-и Имом Фахриддини Розӣ, «Мафотеҳул-улум»-и Котиби Хоразмӣ ва «Нафоис-ул-фунун»-и Маҳмуди Омулӣ қайдҳо ва ишораҳои ҷудогона оварда шудааст, ки барои дастурнависони минбаъда ёрии калон расонидааст. Масалан, Маҳмуди Ҳусайнӣ дар хусуси ҷойи тавлиди овозҳои ҳ, ъ (ҳалқӣ), с (пешизабонӣ), ф (лабудандонӣ) ва б (лабулабӣ) ва инчунин ҷумлаи муътариза маълумоти хеле пурра медиҳад, ки ба фаҳмиши забоншиносии имрӯза пурра мувофиқат мекунад.
Яке аз симоҳои барҷастаи илму фарҳанг дар асрҳои миёна Маҳмуди Омулӣ мебошад. Асари ӯ «Нафоис-улфунун» соли 1342 таълиф шудааст. Дар ин асар доир ба 120 илм маълумот медиҳад.

пешина
аз 210
навбатӣ