МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Дар забоншиносии асрҳои Х-ХІ масъалаҳои таснифи ҳиссаҳои нутқ, табиати грамматикӣ, яъне категорияҳои грамматикии исму феъл, тасрифи феъл, моҳияти ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ, сохту таркиби калимаҳо, нақши наҳвии онҳо, воситаҳои алоқа, моҳияти ҷумла ва анвои ҷумла мавриди таҳқиқ қарор гирифта бошад, дар забоншиносии асрҳои ХІІ-ХIV бештар асосҳои дастурии забон диққати олимонро ба худ ҷалб намудааст. Онҳо ба таҳлили осори адабии ба забони тоҷикӣ таълифшуда рӯ оварда, вобаста ба ин қонуниятҳои фонетикӣ, лексикӣ ва морфологию синтаксисиро мавриди омӯзишу тадқиқ қарор додаанд.
Марҳилаи дуюми инкишофи забоншиносии тоҷик ба номи донишманди улуми адабӣ Шамси Қайси Розӣ сахт алоқаманд мебошад. Асари ӯ «Ал-муъҷам» буда, он ба илми сегона: арӯз, қофия ва бадеъ бахшида шудааст. Зимни ин вазифаи асосӣ муаллиф доир ба масъалаҳои забон низ фикру ақидаи худро баён намудааст. «Ал-муъҷам»
муҳимтарин дастури забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Дар ин асар хусусиятҳои луғавӣ, сарфию наҳвии забони адабии тоҷикиро мухтасаран вобаста ба илми арӯзу қофия ва бадеъ шарҳу эзоҳ додааст. Донистани асосҳои грамматикиро шарти асосӣ дар таълифи асари бадеӣ медонад. Дар асоси қонуну қоидаи забон сохтани ибораву ҷумларо шарт ва зарур медонад. Таъкид мекунад, ки ба сабаби набудани ин гуна дастур шоирон ба ғалатҳо роҳ додаанд ва он ғалатҳоро дар асараш нишон додааст. Ӯ ба масъалаҳои қолабҳои калимасозӣ ва қоидаҳои морфологӣ эътибор додааст Вазифаҳои пасвандҳои –о, -а ва –ӣ-ро хеле батафсил, бо мисолҳои фаровон нишон додааст, масалан, ҳашт вазифаи пасванди «-о»-ро овардааст. Умуман, доир ба 35 пасвандҳои калимасозу шаклсози исму сифат маълумот дода, вазифаҳои онҳоро зикр кардааст. Ба ин пасвандҳои – зор, -дор, -бор, -вар, -сор, -гар, -гор, -дон, -бон, -истон, - ор, -чӣ, -ӣ, -ҳо, -ак, -осо, -нок, -ин, -он, -ваш, -аш, -фом, - о, -манд, -ча, -гон, ан, -сон, -а, -ур, -иш, -гун, -ум ва –гин дохил мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё