Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ ба узвҳои нутқ, ҳосилшавии овозҳо низ эътибори сахт додааст ва овозҳоро ба навъҳо ҷудо кардааст. Узвҳои фаъолу ғайрифаъолро ҳам медонист.
Насируддини Тӯсӣ (1201-1272) яке аз бузургтарин файласуфи форсу тоҷик буда, бисёр илмҳои замонаашро медонист. Дар асари машҳури худ «Асос-ул-иқтибос»
доир ба масъалаҳои ҷудогонаи забон фикрҳо баён намудааст. Ин асар ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Бояд қайд кард, ки фикру ақидаҳои Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав ва Насируддини Тӯсӣ доир ба забон дар алоқамандӣ бо фалсафаву мантиқ баён гардидааст.
Таваҷҷуҳи Насируддини Тӯсиро бештар калима ба худ ҷалб намудааст. Ӯ калимаҳоро ба сода ва таркибӣ ҷудо мекунад. Ба фаҳмиши олии калимаи сода яке аз ҷузъҳои мафҳумро ифода мекунад. Масалан, одам. Ибораи «ин одам»-ро ӯ калимаи таркибӣ номидааст. Дар масъалаи ҳиссаҳои нутқ ӯ пайрави Ибни Сино мебошад. «Калимаи сода, - мегӯяд Насируддини Тӯсӣ, - ном (исм) ё феъл ё ҳарф мешавад». Вай ба масъалаҳои сермаъноии калимаҳо, муродифот, омоним ва антоним низ эътибори махсус додааст, чашмаи об, чашмаи тарозу ва чашмаи офтоб, ки умумияти маъно доранд, гурӯҳи сермаъноро ташкил медиҳанд. Роҳҳои сермаъно шуданро ҳам баён кардааст.
Ақидаҳои олим доир ба фонетика низ мисли Сино аст. Ӯ овозу ҳарфро чун муродиф истифода кардааст. Дар ташкили калимаву ҷумла саҳми овозҳо хеле муҳиманд. Ӯ низ овозҳоро ба сомиту мусавват ҷудо мекунад. Овозҳои забони тоҷикиву арабиро низ ҷудо кардааст. Олимони асримиёнагӣ ҳамсадоҳоро ба истилоҳи ҳуруф, садонокҳои дарозро бо вожаи «мамдуд» ва кӯтоҳро бо истилоҳи «мақсур» ва ё «ҳаракат» ифода намудаанд. Истилоҳи «ҳарф» дар забоншиносии асримиёнагӣ ба маъноҳои ҳиссаҳои нутқи ёридиҳанда, шакли графикӣ ё хаттии овоз ва ё ба маънои сухан ҳам истифода шудааст.

пешина
аз 210
навбатӣ