МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
ҶАВОНГРАММАТИКҲО – номи ҷараёни забоншиносии Германия буда, солҳои 70-80 асри ХІХ забоншиносон Август Лескин, Карл Бругман, Герман Остгоф, Герман Паул ва Делбрюк ба он асос гузоштаанд. Онҳо талаб мекарданд, ки пеш аз ҳама ҳолати ҳозираи забон ва шеваҳои он омӯхта шавад. Роли муҳим бозидани аналогияро (шабоҳатро) дар ҳодисаҳои забонӣ қайд мекарданд.
ШЕВАШИНОСӢ (диалектология) – илмест, ки дар бораи диалектҳои (лаҳҷа, шева) забони алоҳида баҳс мекунад ва хусусиятҳои савтию дастурӣ ва луғавии шеваҳоро меомӯзад.
Шевашиносӣ намудҳои маҳаллии забон ё гӯйишҳои маҳаллиро меомӯзад ва ҳолати кунунии онҳоро муайян менамояд.
Шевашиносиро аз рӯйи мабҳас ва усули тадқиқот ба шевашиносии таърихӣ ва тасвирӣ ҷудо мекунанд.
ЭКСТРАЛИНГВИСТИКА – як соҳаи забоншиносист, ки забонро ба сифати падидаи иҷтимоӣ баррасӣ менамояд ва ба сотсиолингвистика ва менталингвистика тақсим мешавад.
ЭЛЛИПСИС – (юн. ellipsis – афтидан, фурӯгузор шудан) фурӯгузор шудани унсурҳои ҷудогонаи нутқ, ки онро вобаста ба мазмуну мундариҷаи умумии матн барқарор кардан мумкин аст:
Замин – сахт, осмон – баланд.
ЭПИГРАФ – (юн. epi – баъд, боло + grapho – менависам) ибора,
ифодае, ки дар сарлавҳа ё пеш аз ягон қисмати матн ҳамчун
ифодагари мундариҷаю хусусияти матн оварда мешавад
ЭРГАТИВӢ – сохти ҷумла дар баъзе забонҳо: гурҷӣ, абхазӣ,
аварӣ, лакӣ, адигеӣ, лазгинӣ. Дар ин забонҳо хабар бо феъли гузаранда ифода ёфта бошад, пуркунандаи бевосита дар падежи именительный омада, мубтадо дар падежҳои гуногун меояд ва ба хабари ҷумла вобаста мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё