Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ФЛЕКСИЯИ ДОХИЛӢ – яке аз роҳҳои ифодаи маънои грамматикӣ, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани овозҳои калимаи решагӣ воқеъ мешавад: тараф (танҳо) – атроф (ҷамъ), мавҷамвоҷ, шеър-ашъор. Ин хусусият дар забонҳои русӣ (ухо-уши), олмонӣ (Bruder-Briider – бародар-бародарон), англисӣ (foot-feet – пой-пойҳо) низ дида мешавад.

ФОНЕМА – воҳиди хурдтарини забон, ки ҳам шакл ва ҳам маънои калимаро тағйир медиҳад: бод, буд, бед, бад; баст, паст, даст, қасд, маст, ҷаст, ҳаст. Ҳар як забон миқдори муайяни фонема дорад.

ФОНОЛОГИЯ – қисмати забоншиносӣ, ки овозҳои нутқро чун воситаи маъноҷудокунандаи калимаву морфема меомӯзад.
Объекти омӯзиши фонология фонема аст.

ФОНЕТИКА – қисмати забоншиносӣ, ки тарзҳои ба амал омадан, хусусиятҳои акустикии таркиби овозҳо, таснифот ва тағйирёбии овозҳоро меомӯзад. Объекти омӯзиши фонетика овоз аст.

ҲИНДУАВРУПОӢ – оилаи калонтарини забонҳои дунё буда, хешигарӣ ва умумияти онҳо ба воситаи методи муқоисавӣтаърихӣ муайян карда шудааст. Истилоҳи «ҳиндуаврупоӣ»-ро аввалин бор яке аз асосгузорони забоншиносии муқоисавӣтаърихӣ Франс Бопп истифода кардааст.

ҲИНДУЭРОНӢ – яке аз шохаҳои забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки ба он оилаи забонҳои эронӣ ва ҳиндӣ дохил мешавад.

пешина
аз 210
навбатӣ