МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
ТРАНСКРИПСИЯ – (аз лот. transcription – рӯйнавис кардан), овонавишт, таҷдиди хаттии овоз, калимаҳою матнҳо тавассути ягон системаи алифбо. Се навъи транскрипсия – фонетикӣ, фонематикӣ ва амалӣ вуҷуд дорад. Дар транскрипсияи фонетикӣ нутқ (ҷиҳати овозии забон) бо тамоми хусусиятҳою тобишҳои овозиаш инъикос меёбад.
ТРАНСФОРМАТСИЯ – қонунан тағйир ёфтани қолаби асосии забонӣ (ҷавҳари асосӣ), ки ба сохти дуюми забонӣ оварда мерасонад: Гунҷишки дар шохи дарахт нишаста паррида рафт – Гушҷишке, ки дар шохи дарахт нишаста буд, паррида рафт.
Котиб қарорро хонд – Қарор аз тарафи котиб хонда шуд. Ин методи тадқиқотро аввалин бор олимони америкоӣ Харрис ва Хамский солҳои 50 асри ХХ пешниҳод кардаанд.
УЗУС – шакли муқаррарии мавҷудият ва вазифадории забон аст.
Ба он тамоми навъҳои гуфтугӯ ва ҳатто лаҳҷаву жаргон медарояд.
ФИЛОЛОГИЯ – (юн. philologia – сухандӯст, донишдӯст), маҷмуи илмҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих ва ғ., ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияту фарҳанги инсониятро омӯхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Бунёду асоси таҳқиқи филологияро матн ташкил менамояд ва чунин таҳқиқ ду ҷанба дорад: ҷанбаи маҳдуд, ки ба омӯзиши ҷиҳатҳои шаклӣ ва зоҳирии матн, дигаре ҷанбаи васеъ, ки ба мазмуну мундариҷаи матн алоқаманд аст.
ФЛЕКСИЯ – (лот. flexio – гузаштан) тағйири шакли калима ва бандак. Ҷузъи калима ё морфемае, ки дар интиҳои калима омада, барои алоқаманд кардани калимаҳои дигар хизмат мекунад:
бандакҳои феълӣ, бандакҳои хабарӣ, бандакҷонишинҳо: омадам, омадӣ, омад; омадем, омадед, омаданд; ҷавонам, ҷавонӣ, ҷавон аст; ҷавонем, ҷавонед, ҷавонанд; китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё