Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

маъмуланд. Ба кадом оила тааллуқ доштани бисёр забонҳо (баскӣ, бурушаскӣ, японӣ, кореягӣ ва баъзе забонҳои матрук: шумерӣ, касситӣ, хеттӣ равшан нашудааст. Якчанд оилаи забонҳо – туркию муғулӣ, тунгусию манҷурӣ ва ҳатто кореягию ҷопонӣ ба як оилаи калон – олтоӣ нисбат дода шудаанд. 2. Таснифоти типологӣ ё морфологӣ усули аз рӯйи сохт ба гурӯҳҳо ҷудо кардани забонҳост. Аз рӯйи ин усул забонҳои дунё ба се типи асосӣ ҷудо мешаванд: 1) забонҳои аморфӣ ё ғайритасрифӣ (хитоӣ, таӣ, бирмагӣ ветнамӣ, йоруба ва ғ.). Дар ин забонҳо калимаҳо ба тағйирот дучор намешаванд. Алоқаи синтаксисии байни онҳо дар ҷумла аз рӯйи ҷояшон муқаррар мешавад. Ин забонҳо вандҳои шаклсоз надоранд. Калима дар ин забонҳо ба асос (реша) баробар аст. Аз ин рӯ, онҳоро забонҳои решагӣ низ меноманд; 2) забонҳои агглютинативӣ (финну угорӣ, туркӣ, муғулӣ, банту, дравидӣ ва ғ.) дорои системаи мураккаби вандҳои калимасозу шаклсоз мебошад. Ҳудуди байни морфемаҳо хеле равшан зоҳир мешавад; 3) забонҳои флективӣ (ҳиндуаврупоӣ ва сомию ҳомӣ), вандҳои зиёд доранд, ки онҳо сермаъно буда, ҳар яки онҳо якчанд маънои грамматикиро ифода карда метавонад.

ТАҶЗИЯИ АКТУАЛӢ – аз рӯйи ифодаи мақсад таҳлил намудани ҷумла. Мувофиқи ин таҳлил ҷумла ба ду қисмат – тема ва рема ҷудо мешавад ва ба таҳлили грамматикӣ халал намерасонад. Чунин таҳлилро аввалин бор мактаби забоншиносии Прага, намояндаи он Вилем Матезиус пешниҳод намудааст.

ТЕМА – дар таҷзияи актуалии ҷумла он қисмате, ки чизи ба хонанда маълумро ифода мекунад ва ба ифодаи маънои нав, ки дар охири ҷумла – дар рема ифода мегардад, ёрӣ мерасонад.

пешина
аз 210
навбатӣ