Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАСНИФОТИ ГЕНЕАЛОГӢ – (аз юн. genalogia – насаб, шаҷара) вобаста ба умумияти пайдоиш ва дараҷаи хешӣ ба гурӯҳҳо ҷудо кардани забонҳост. Забонҳои хеш умумияти зиёде доранд. Масалан, дар забонҳои гурӯҳи эронӣ номи узвҳои бадан, фаслҳои сол, муҳимтарин феълҳо, ҷонишинҳо, баъзе шумораҳо ва вандҳо ба ҳам монанданд. Барои муқаррар намудани таъриху пайдоиши дараҷаи хешии забонҳо маводи фонетикаи муқоисавии таърихӣ истифода мешавад, ки он мувофиқати ҳамешагии овозии оилаи забонҳо ва вазъи ибтидоии фонемаҳоро барқарор мекунад.
Мувофиқи тадқиқоти забоншиносон имрӯз дар Евроосиё оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, уралӣ, шохаҳои фину угорӣ ва самодӣ, туркӣ, картвелӣ, муғулӣ, тунгусию манҷурӣ, сомию ҳомӣ, дравадӣ ва ғ. маъмуланд.

ТАСНИФОТИ ЗАБОНҲО – омӯзишу табақабандии забонҳо аз
рӯйи аломату хусусиятҳои асосии онҳо. Ду тарзи таснифи
забонҳо маълум аст: генеалогӣ ва типологӣ. 1. Таснифоти
генеалогӣ (аз юн. genealogia – насаб, шаҷара) вобаста ба
умумияти пайдоиш ва дараҷаи хешӣ ба гурӯҳҳо ҷудо кардани
забонҳост. Забонҳои хеш умумияти зиёде доранд. Масалан, дар
забонҳои гурӯҳи эронӣ номи узвҳои бадан, мафҳумҳои хешу
таборӣ, фаслҳои сол, муҳимтарин феълҳо, ҷонишинҳо, баъзе
шумораҳо ва пешванду пасвандҳо монанданд. Барои муқаррар
намудани таърихи пайдоишу дараҷаи хешии забонҳо маводи
фонетикаи муқоисавии таърихӣ истифода мешавад, ки он
мувофиқати ҳамешагии овозии оилаи забонҳо ва вазъи ибтидоии
фонемаҳоро барқарор мекунад. Масалан, ба ин восита собит
шудааст, ки калимаҳои тоҷикии padar, pisar, noy ва осетнии fida,
furd, fad аз калимаҳои умумиэронии pita, puθra, pada ба вуҷуд
омадаанд. Мувофиқи тадқиқоти забоншиносон имрӯз дар
Евроосиё оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, уралӣ, шохаҳои фину
угорӣ ва самодӣ, туркӣ, картвелӣ, муғулӣ, тунгусию манҷурӣ, сомию ҳомӣ, дравидӣ ва ғ.

пешина
аз 210
навбатӣ