МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
СИНХРОНИЯ – ҳамчун предмети забоншиносӣ дар тараққиёту тағйирот омӯхтани ҳолати ҳозираи забон.
СИСТЕМА – маҷмуи унсурҳоест, ки байни ҳамдигар алоқаи зич дошта, таркиби ягонаро ташкил медиҳанд. Воҳидҳои забонии фонема, морфема, калима, ибора ва ҷумла системаи забонро ташкил медиҳанд.
СОТСИОЛИНГВИСТИКА – соҳаи забоншиносӣ, ки масъалаҳои ҷамъиятӣ будани забон, инкишофи забон ва вазифаи онро дар асоси шароити ҷамъиятӣ меомӯзад.
СТОИКҲО – яке аз мактабҳои калонтарин ва машҳуртарини фалсафӣ-лингвистии давраи эллинизм дар Юнони Қадим мебошад. Асосгузоронаш Зенон, Хрисип ва Диоген буданд.
Калимаҳоро ба 8 ҳиссаи нутқ ҷудо намуда, оид ба мавҷудияти падеж, замону тарзҳои феъл фикрҳо баён намуда буданд.
СТРУКТУРАЛИЗМ – ҷараёни забоншиносӣ, ки муносибатҳои дохилӣ ва вобастагии ҷузъҳои забонро тадқиқ менамояд.
СУБСТРАТ – як навъ таъсир расонидани забонҳо буда, дар натиҷа ду забон ба ҳам омезиш меёбанд ва яке мағлуб мешавад.
Нишонаҳои забони мағлубро дар забони ғолиб субстрат мегӯянд.
Масалан, нишонаҳои қипчоқӣ дар ӯзбекӣ, аджарӣ дар гурҷӣ.
СУПЕРСТРАТ – як навъ таъсири забонҳо ба якдигар буда, нишонаҳои забонҳои дигар дар забони халқи таҳст. Инро иқтибос ҳам мегӯянд. Иқтибоси калимаҳои забони арабӣ ва ё туркӣӯзбекӣ дар забони тоҷикӣ суперстрат номида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё