Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЭТИМОН – (юн. etymon) нахустмаъно ва шакли калима. Муайян кардани этимон ҳадафи асосии таҳқиқи этимологист. Аз байн рафтани нахустмаъно натиҷаи деэтимологизатсия мебошад. Дар ин маврид шакл ё маънои аввалаи калима ба эътибор гирифта мешавад.

ЭТНОЛИНГВИСТИКА (Забоншиносии мардумшиносӣ) – (аз юн. е́tnos – халқ, қабила ва лингвистика) – яке аз ҷараёнҳои забоншиносӣ, ки забон ва робитаи онро бо фарҳанг, омилҳои забонӣ, этнофарҳангӣ ва этнопсихологӣ таҳқиқ мекунад. Ба таъбири дигар, этнолингвистика ҳамчун як соҳаи гуногунҷабҳа тавассути методҳои забоншиносӣ фарҳанг, психология, мифология ва урфу одатҳои қавму халқҳои гуногунро меомӯзад.
Этнолингвистика ҳамчун якравияи мустақил дар заминаи этнография дар ҳудуди асрҳои Х1Х-ХХ ба вуҷуд омад ва дар забоншиносии амрикоӣ бо тақозои омӯзиши қавмҳои ҳиндӣ инкишоф ёфт.

ЮРИСЛИНГВИСТИКА – дар охири солҳои 90-уми асри ХХ дар натиҷаи тараққии забоншиносии ҷаҳонӣ соҳаҳои наве ба мисли юрислингвистика ва лингвоюристика рӯйи кор омаданд, ки мо онҳоро мутобиқан забоншиносии ҳуқуқ ва ё ҳуқушиносии забон меномем.

пешина
аз 210
навбатӣ