Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Усулҳои мантиқӣ-психологӣ. Қонун ва қоидаҳои мантиқ қисмати муҳимтарини усулҳои ҳама гуна тадқиқот мебошад. Ҷиҳати мантиқиро дар тамоми усулҳои омӯзиши забон мушоҳида кардан мумкин аст. Асоси мантиқии усулҳои лингвистиро усулҳои мантиқии таҳлили лингвистӣ намешуморанд, балки чунин усулҳои таҳлили лингвистиро меноманд, ки алоқаи байни маънои воҳидҳои забону категорияҳои онро бо воҳид ва категорияҳои тафаккур тадқиқ мекунанд.
Методикаи парадигма ва парадигматика. Дар омӯзиши категорияҳои забонӣ методикаи парадигматикӣ ва роҳҳои парадигма васеъ истифода бурда мешавад.
Ҳодисаҳои забонӣ чун унсурҳои категория, ки маҷмуи воҳидҳои забониро дар бар мегирад, фаҳмида мешавад.
Парадигма ҳамчун намуна аз нутқ гирифта мешавад, вале пурра дар як вақт истифода намешавад. Аз ин рӯ, методикаи парадигматикӣ яке аз воситаҳои ба қолаб даровардани забон мебошад. Методикаи парадигматика пеш аз ҳама дар омӯзиши калимасозию шаклсозӣ ташаккул ёфта, истифода бурда мешавад. Маҷмуи шаклу намудҳои ин ё он калимаву ҳиссаи нутқ парадигма фаҳмида мешуд. Методикаи парадигматикӣ ҳаматарафа омӯхтани намунаи морфологиро ҳам аз ҷиҳати мувофиқати далелҳои забонӣ, ҳам таркиби ҳақиқии шакли калима, ҳам структураи худи парадигма ва ҳам унсурҳои он талаб мекунад.
Категорияҳои забонро чун маъно ва забонро чун парадигматика донистан сабаби васеъ истифода бурдани методикаи парадигматикӣ гардид. Ҳоло парадигмаҳои синтаксисию лексикӣ-семантикиро нишон медиҳанд, тарзҳои парадигмаи семантикӣ, синтаксисӣ ба амал омадааст. Васеъ ва паҳн гардидани методикаи парадигматикӣ аз ҷиҳати мантиқӣ маънидод кардани онро ба миён овард.

пешина
аз 210
навбатӣ