Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба намуди аввал ба як гурӯҳ муттаҳид гардидани унсурҳои бо ҳам умумиятдоштаи забон дохил мешавад. Онҳо бояд дорои як категорияи забонӣ бошанд.
Масалан, фонемаҳои а, и, э, о, ӯ, у бакуллӣ аз ҳам фарқ мекунанд ва вазифаҳои гуногун доранд, вале дар асоси ҳангоми талаффуз ба монеа дучор нашудани узвҳои нутқ ва бе садо далолат кардан ба як гурӯҳ – садонокҳо дохил мешаванд. Ё ки пасвандҳои –чӣ, -гар, -бон, -вар, -гор, -ор калимаҳои гуногун месозанд, вале ба як гурӯҳ дохил мешаванд, зеро ҳамаи онҳо исми шахс месозанд ва бо ҳамин хусусияти худ ба як гурӯҳ медароянд. Дар намуди дуюм бошад, акси ин ҳол мушоҳида мешавад. Воҳидҳои нисбатан калонтари забон ба гурӯҳ ва гурӯҳчаҳои майдатар ҷудо карда мешаванд. Ҳиссаҳои номии нутқ ба исм, сифат, шумора, ҷонишин ҷудо мешаванд. Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба ба ду гурӯҳ – феълӣ ва номӣ ҷудо мешааванд.
Ҷумлаҳои соддаи яктаркибаи феълӣ бошанд, дар навбати худ ба муайяншахс, умумишахс, номуайяншахс ва бешахс ҷудо карда мешаванд ва ҳар як намуд чӣ гуна хусусиятҳои ҷудогона дорад ва чӣ гуна аломатҳои фарқнок дорад, нишон медиҳанд.
Усулҳои иҷтимоӣ (сотсиологӣ). Усулҳои сотсиологӣ дар ҳолати аз ҷиҳати меъёрӣ-услубӣ ва таърихӣ омӯхтани забон хеле мувофиқ бошанд ҳам, дар тадқиқи тасвири забон ва махсусан омӯзиши таркиби луғавӣ истифода мебаранд.
Роҳи маъмултарин дар омӯзиши сотсиологии калима ин усули «калима ва ашё», усули гурӯҳи тематикӣ, географияи лингвистӣ ва роҳи меъёрӣ-услубӣ мебошад.
Роҳи омӯзиши «калима ва ашё» дар омӯзиш ва тасвири лексикаи забон, тадқиқотҳои энсиклопедӣ ва ё луғатҳои тафсирӣ ба кор бурда мешавда. Ҳоло луғатҳои энсиклопедӣ бо ҳамин услуб дода мешаванд. Хусусияти ин навъи тадқиқ он аст, ки маънои калима вобаста ба ашё ва мафҳум, ки калима онро ифода кардааст, омӯхта мешавад.

пешина
аз 210
навбатӣ