МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Пас, сохт ва ё структураи методи тадқиқотиро баҳамалоқамандии аспект, тарзу усул, методикаи тадқиқот ва роҳҳои тасвири он муайян мекунад. Вале дар забоншиносӣ бисёр вақт танҳо яке аз ин қисматҳои методи тадқиқотӣ ба назар гирифта мешавад, ҳол он ки истилоҳи метод барои ифода намудани чор мафҳум –ҷанба (аспект), тарзу усул (приём), методика ва роҳҳои тасвир ба кор бурда мешавад.
Метод чун тарзу усули тадқиқот. Усул ва тарзи тадқиқотро ҳам, яъне маҷмуи қоидаҳои тадқиқотро, ки чун методикаи таҳлил ба шакл даромадааст, метод меноманд.
Азбаски вазифаи асосии забоншиносӣ омӯзиши забонҳои мушаххас мебошад, таснифи методҳои лингвистӣ ҳам вобаста ба объекти омӯзиш муайян карда мешавад.
Ба методҳои асосии лингвистӣ методҳои тасвирӣ, муқоисавӣ ва меъёрӣ-услубӣ дохил мешаванд. Ин методҳо вобаста ба ҷараёнҳои забоншиносӣ бо методикаю усулҳои гуногун истифода мешаванд. Ҳар яке аз ин методҳо функсияву вазифаҳои худро доранд ва тарзу тариқи истифода ва кор фармудани онҳо ҳам як хел нест.
Методи тасвирӣ
Ин метод яке аз куҳантарин ва баробари он ҳозирзамони лингвистӣ мебошад. Грамматикаҳои қадимаи хитоӣ, ҳиндӣ ва юнонӣ дар асоси ҳамин метод навишта шуда буданд.
Забонҳои ҳозира ҳам аз ин метод васеъ истифода мебаранд.
Системаи усул ва ё тарзҳои тадқиқоте, ки ин ва ё он ҳодисаи ҳозираи забонро муайян мекунад, методи тасвирӣ меноманд. Ин метод дар омӯзиши забон роли бағоят калон мебозад.
Ду навъ таҳлил шуданаш мумкин аст. Якҷоякунӣ (категориявӣ) ва ҷудокунӣ (дискретӣ). Ҳар ду намуд ҳам дар забон ҷой дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё