Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мушоҳида. Мушоҳида яке аз воситаҳои маъмул ва табиии тадқиқоти илмӣ мебошад. Ҳар як тадқиқотчӣ ин ё он ҳодисаи забонро муоина мекунад ва чизҳои лозимаро ба қайд мегирад. Натиҷаи мушоҳида бо формулаҳо, нақшаҳо, ҷадвалҳо ва ё хаттӣ ба қайд гирифта мешавад.
Мушоҳидакунанда бояд дониши хуб дошта бошад, ба вай ҳисси забонӣ хос бошад. Нависанда ва ё гӯянда забонро барои он истифода мебарад, ки ба воситаи он фикр баён мекунад, тадқиқотчӣ бошад, аз матн ва ё нутқ он ҷойҳоеро мегирад, ки барои мушоҳида зарур аст. Мушоҳида ҳамон вақт натиҷаи хуб медиҳад, ки мушоҳидачӣ дар хусуси ҳодисаи мушоҳида мекардагиаш маълумоти пурра дошта бошад.
Таҷрибаи лабораторӣ, ки бештар ва асосан ба илмҳои табиӣ хос буда, ба қисмати фонетика ва тарҷумаи мошинии лингвистика низ тааллуқ дорад. Мутаассифона, таъмини техникӣ ва корҳои лингвистии автоматикунонидашуда ҳоло ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.
Таҷрибаи фикрӣ озмоиши илмиест, ки объектро ба воситаи қолабҳои идеалӣ тадқиқ мекунад. Ин бештар бо роҳи абстраксияи мантиқӣ ва тафаккури дедуктивӣ гузаронида мешавад.
Методҳои лингвистӣ. Чи тавре ки қайд шуд, ғайр аз методи дарккунӣ ва методҳои умумиилмӣ боз методҳои хусусӣ – илмӣ-тадқиқотӣ ва методҳои илмҳои ҷудогона вуҷуд дорад.
Методи илмӣ-тадқиқотӣ гуфта, маҷмуи роҳу усулҳо ва қонунҳои омӯзиши ин ё он ҳодиса ва ё ҳодисаҳоро меноманд. Ба методи илмӣ-тадқиқотӣ аспекти тадқиқот бо тарзу усулҳои тадқиқотиаш, методикаи истифодаи онҳо ва инчунин роҳҳои тасвири натиҷаи ба даст дароварда дохил мешавад.

пешина
аз 210
навбатӣ