Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиёд гардидани шавқу рағбат ба метод ва тарзу усулҳои тадқиқи илмӣ аз он сабаб ҳам сар зад, ки доираи мутахассисон зиёд шуда истодааст, коллективҳои калони илмӣ ба амал омада истодаанд, ҳамаи ин зарурати автоматӣ кунонидани меҳнати фикриро талаб мекунад. Ҳоло баробари муҳим будани натиҷаи корҳои илмӣ роҳу усулҳои ба даст даровардани он низ аҳаммияти калон пайдо карда истодааст.
Ҳар як илм дорои методҳои худ мебошад ва кӯшиш мекунад, ки бо роҳу усулҳои осон ва оддӣ натиҷаҳои хуб ба даст дарорад. Дар аз худ кардан ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст даровардани ҳар як илм метод роли бағоят калон мебозад.
Метод мақсади ягонаи илм набуда, вай танҳо воситаи дарккунии объект, тарафҳои ҷудогонаи он ва инчунин вазифаи он мебошад. Дарккунӣ ин наздикшавии тафаккур ба объект, табиатро донистани инсон ва инчунин донистани қонунияти тараққиёти ҷамъият ва худи тафаккур мебошад.
Аз рӯйи назарияи идрок метод ин тарзу усул ва роҳҳои донистан ва ё омӯхтани ҳақиқати объективӣ, дарк намудани табиат, ҷамъият ва тафаккур аст.
Ҳар як илм методҳои тадқиқотии худро дорад ва ин методҳо ба воситаи методи умумиилмӣ бо методҳои фалсафӣ ва мантиқӣ муносибат пайдо мекунанд. Ба методҳои умумиилмӣ методҳои математикӣ, физикӣ, биологӣ, филологӣ дохил мешаванд. Методҳои лингвистӣ бо ҳамаи ин методҳо муносибат дорад. Методҳои филологӣ аз он методҳо бо он фарқ мекунад, ки дар он таҷрибаи дастгоҳӣ (инструменталӣ) қариб гузаронида намешавад.
Филолог дар асоси матн таҷриба мегузаронад, дар асоси қолабҳо-моделҳо назария мебарорад.
Бо усули муқоисавӣ-таърихӣ маънидод кардани далелҳои мушаххас барои тадқиқотҳои таърихиву филологӣ ниҳоят муҳим мебошад. Умумияти методҳои ҳамаи илмҳо эътироф намудани он аст, ки дарккунии илмӣ ин протсесс аст, аз ин ҷиҳат қонуну қоидаҳои тадқиқот мавҷудияти дараҷаҳои гуногунро дар дарккунӣ ба эътибор мегирад.

пешина
аз 210
навбатӣ