МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Онҳо маводи фаровони забони худро аз худ намуда, аз он ҷойҳоеро интихоб кардаанд, ки ба тамоми соҳибони забон ба мансабу маҳалли истиқоматашон нигоҳ накарда умумию ягона буданд ва тамоми соҳибони забон навиштаҳои онҳоро ба хубӣ мефаҳмиданд.
Бояд тазаккур дод, ки забону маданият бо ҳам алоқаи зич доранд, вале онҳоро як шуморидан мумкин нест, зеро онҳо аз рӯйи вазифаю функсия низ аз ҳам фарқ мекунанд.
Супориш: Доир ба забонҳои байналмилалӣ махсусан забонҳои
русиву англисӣ ёддошт намудан
Мавзуи 23.
Методология. Методҳои тадқиқоти филологӣ. Метод
ҳамчун тарзу усули воситаи тадқиқот
Нақша:
1.Тарзу усулҳои тадқиқи умумиилмӣ ва истифодаи онҳо дар забоншиносӣ. Мушоҳида ва таҷриба чун марҳилаҳои омӯзиши забон. Метод ҳамчун воситаи тадқиқот ва таҳлилу омӯзиши масъалаҳои забоншиносӣ.
2.Методҳои забоншиносӣ ва хелҳои он
Методология ҳамчун таълимот дар бораи методи илмӣ умуман ва методҳои илмҳои ҷудогона дар назария ва амалияи ҳар як илм ва аз ҷумла забоншиносӣ, аҳаммияти бағоят калон дорад.
Инкишофи илмҳои гуногун, пайдоиши илмҳои нав ба нав, тараққии пуравҷ ва дар айни замон нобаробари илму техника, пайдоиши илмҳои муштарак талаб мекунанд, ки метод ва ё роҳу тарзу услуҳои тадқиқи илмҳо ҳаматарафа омӯхта, муайян карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё