МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Инкишофи маорифу маданият (махсусан чоп намудани китоб) ба мукаммал ва пурра гардидани меъёри забони адабӣ сабаб мешавад. Таърихи забонҳои адабӣ бо таърихи маданият, забони коргузорӣ ва илм сахт алоқаманд мебошад. Дар такомул ва ташаккули забони адабӣ роли адабиёти бадеӣ ниҳоят калон аст. Дар ташаккули миллати рус насри бадеӣ чун воситаи инкишофу тараққиёти забони адабӣ хеле калон аст. Саҳми таърихи забони адабӣ чунон бузург аст, ки ҳатто таърихи забони жанр ва ҷараёнҳои адабӣ, забони адибони ҷудогона, шоирон ва драмматургҳоро ба он вобаста мекунанд.
Алоқаи забон бо маданият хеле гуногун ва васеъ мебошад. Олимон, нависандагон, ходимони ҷамъиятӣ низ дар инкишофи забони адабӣ хизмати босазо доранд.
Тараққиёти забонҳои адабии нав, тартиб додани грамматикаҳои меъёрӣ (нормативӣ), луғатҳо ва маҷмуаҳои имло (орфографӣ), фаъолияти маданӣ-равшаннамоӣ боз ҳам паҳн шудан ва инкишоф ёфтани меъёри забони адабӣ ва маданияти нутқро талаб менамояд. Махсусан дар вақти ташаккули миллат ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Саҳми нависандагон дар ташаккул ва мустаҳкам гардидан меъёри адабӣ хеле бузург аст. Масалан, Данте ва Боккачо дар ба меъёр даровардани забони адабии италянӣ, Мартин Лютер дар забони немисӣ, Алишер Навоӣ дар ӯзбекии қадим, Шота Руставелӣ дар гурҷии нав, Габдулло Туқай дар тоторӣ, Пушкин дар забони русӣ, устод Айнӣ дар забони тоҷикӣ хизмати ниҳоят бузург кардаанд. Ба туфайли ин шахсони бузург забонҳои номбурда ба як меъёри муайян даромадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё