МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Омезиши забонҳо низ бо ду роҳ – бо роҳи осоишта ва зӯрӣ ба амал меояд. Тарзи осоиштаи он дар натиҷаи садсолаҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кардани ду халқ ба амал меояд. Ба ин юнониҳое, ки дар Туркия зиндагӣ мекунанд, ё хоразмиҳое, ки дар иҳотаи халқҳои туркзабон буданд, мисол шуда метавонанд. Дар натиҷаи ин омезиш забони юнонӣ ва хоразмӣ аз байн рафтааст. Инро субстрат меноманд.
Забон ва маданият
Масъалаи забону маданият хеле мураккаб буда, олимон онро гуногун шарҳу эзоҳ додаанд, чунки худи маданиятро ҳар хел мефаҳманд. Олими америкоӣ Боас Ф. маҷмуи тамоми ҳаёти ғайрибиологии инсонро маданият мешуморад. Равоншиноси шуравӣ А.П. Леонтев фаъолияти иҷтимоии одамонро маданият медонад.
Ҳамин тариқ, маданият чун ҳодисаи ҷамъиятӣ ин маҷмуи боигарии моддиву маънавиест, ки ҷамъияти муайяни одамон андӯхтааст ва инчунин андӯхта истодааст.
Забоншиносони Америка забонро ҷузъи маданият мешуморанд.
Асари бадеиро бе забон тасаввур кардан мумкин набошад, дар санъати тасвирӣ, рақс ва ё наққошӣ забон бевосита иштирок намекунад. Албатта, ин гуна муносибатҳо дутарафа мешаванд, саҳми адибонро дар инкишофи забони адабӣ ба хотир овардан кифоя аст. Саҳми устод С.Айнӣ ё ки А.С.Пушкин дар шаклгирӣ ва танзими забонҳои адабии муосири тоҷикиву русӣ бағоят бузург аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё