МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Усули мухолифат (оппозитсионӣ). Дар илми забоншиносӣ мухолифат гуфта ҳама гуна ҷуфтҳоро меноманд: калимаҳои антонимӣ, мубтадову хабар, садоноку ҳамсадо, мутлақу давомдор, мафъулу фоил ва ғр. Воҳидҳои забонро дар шакли ҷуфт омӯхтан хоси қариб ҳамаи мактабҳои забоншиносӣ мебошад.
Дар аввали асри ХХ таснифи мантиқии мухолифат кор карда шуд.
Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудан доир ба методҳои тадқиқоти забоншиносӣ.
Мавзуи 24.
Методҳои забоншиносӣ: муқоисавӣ, муқоисавӣтаърихӣ, таърихӣ-муқоисавӣ
Нақша:
1.Методи муқоисавӣ.
2.Методи таърихӣ-муқоисавӣ.
3.Муқоисавӣ-таърихӣ.
Методи муқоисавӣ
Муқоиса яке аз тарзу усулҳои илмӣ буда, дар тамоми
соҳаҳо ба кор бурда мешавад. Ин усулро дар забоншиносӣ
низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар муқоиса бо
забони дигар омӯхтани забони модарӣ ё ки бо роҳи муқоиса
муайян намудани хусусияти хоси худи ҳар як забон ниҳоят
мувофиқ ва аҳаммиятнок аст. Факту далелҳои як забон ва ё
чанд забон муқоиса шуданаш мумкин аст. Ҳангоми муқоиса
ҳодисаҳои умумӣ ва хоси як забон ва ё забонҳои гуногун
муқаррар ва муайян карда мешавад. Ин аст, ки муқоиса
ҳамчун амалиёти умумиилмии тафаккур дар тамоми
методҳои таҳлили лингвистӣ иштирок мекунад. Одатан дар методикаи тадқиқотҳои лингвистӣ муқоисаи дохилизабонӣ ва байнизабониро ба куллӣ фарқ мекунанд, зеро дар муқоисаи дохилизабонӣ категория ва ҳодисаҳои забонии ин ё он забони ҷудогона, вале дар муқоисаи байнизабонӣ забонҳои гуногун тадқиқ карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё