МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Узус ва ё шакли муқаррарии забон дар диалектҳои маҳаллӣ ва иҷтимоӣ ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунад, чунки шароити зисту зиндагонӣ ҳатман таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ду намуди диалектро – маҳаллӣ ва иҷтимоӣ, фарқ кардан шарт аст.
Жаргон ҳам ба гурӯҳи иҷтимоии одамони аз ҷиҳати истеҳсолот муттаҳид, ҳам якҷоя вақт гузаронанда (аскарон, донишҷӯён, варзишгарон) хос мебошад. Аз жаргон синфҳои ҷудогона низ истифода мебаранд. Масалан, дворянинҳои рус дар охири асри ХVIII забони русиву фаронсавиро бо ҳам омехта гап мезаданд.
Арго ё ки забони шартӣ гуфта системаи лексикии калимаҳоро меноманд, ки асосан бо мақсади пинҳон, махфӣ нигоҳ доштани сирри худ истифода мебаранд. Ин ба гурӯҳи ё ки табақаи муайяни одамон хос аст, ки онҳо бошуурона худро аз ҷамъият, аз дигарон ҷудо карда меистанд. Онро гурӯҳи ночизи одамон ҳангоми ба даст даровардани ягон чиз берун аз хона, оила ба кор мебаранд. Аргоро бо мақсадҳои гуногун – махфӣ нигоҳ доштани машғулият ва ё касби худ (роҳҳои истеҳсол), пинҳон доштани мақсад ҳангоми оворагардӣ ё дар назди соҳиби хона ва ё нишон додани забондонии худ низ истифода мебаранд. Аз арго косибон – ҳаммолон, дӯзандагон, оҳангарон, бофандагон, сарроҷон, танӯрсозон, шишагарон, духтурони ҳайвонот, аробакашон, андовачиён, рангуборчиён истифода мебаранд. Забони занону духтарон, мардону ҷавононро, ки дар байни халқҳои гуногун кор фармуда мешавад, ба ҳамин гурӯҳ дохил кардан мумкин аст.
Забони адабӣ дар давраи забони халқият ҳам ба вуҷуд омада метавонад, вале асосан баъди пайдоиши миллат ба амал меояд. То пайдоиши миллат забони адабӣ дар он халқҳое ба амал омадааст, ки таърихи дуру дароз дошта, соҳиби хату алифбо буданд ва инчунин халқи тараққикарда шуморида мешуданд. Ба ин халқҳои қадимаи ҳинд, юнон, араб, форсу тоҷик, рус, гурҷиву арман ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё